Гурӯҳи 227 нафара аз паноҳҷуёни афғон, ки ба сурати ғайриқонунӣ вориди Туркия шуда буданд, субҳи имрӯз соати 04:00 ба вақти маҳаллӣ тавассути ҳавопаймои чартерӣ ба Афғонистон баргардонда шуданд.
Ин гурӯҳ тавассути неруҳои жондормӣ ва пулиси Туркия дар устонҳои Оғрӣ, Аиғадир ва Арзурум дастгир ва пас аз мароҳили қонунӣ бо ҳавопаймои чартерӣ ба Кобул бозгардонда шуданд.
Устондори Арзуруми Туркия эълом кард, ки даври дигари ихроҷи гурӯҳи 204 нафара аз паноҳҷуёни афғон аз Туркия барои соат 11:00 имрӯз, якшанбе 8 апрел аз фурӯдгоҳи шаҳри Арзурум ба Кобул барномарезӣ шудааст. Мадорики сафар 467 нафари дигар низ то рӯзи душанбе омода ва соҳибони мадорик ихроҷ хоҳанд шуд.
Гуфтанӣ аст, паноҳҷуён баъд аз убури марзи муштараки Эрон — Туркия, масофати беш аз 250 километр аз минтақаи марзӣ то шаҳрҳои Оғрӣ ва Арзурумро аксаран пиёда тай мекунанд. Ин масири кӯҳистонӣ ва сард ҳанӯз бо барф пӯшидааст ва мушкилоти зиёдеро барои паноҳҷуёне, ки ба шакли ғайриқонунӣ аз марз гузаштаанд эҷод кардааст.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

