Tuesday, June 17, 2025
ads
HomeХабарҳоИлҳом Алиев бори чаҳорум президенти Озарбойҷон шуд

Илҳом Алиев бори чаҳорум президенти Озарбойҷон шуд

Бори чаҳорум Илҳом Алиев бо ба даст овардани 86 дар сади орои интихобкунандагон дар интихоботи президентии Озарбойҷон пирӯз шуд.

Пирӯзии Илҳом Алиев дар интихоботи президентии Озарбойҷон дар ҳоле эълон шуд, ки қаблан Созмони Human Rights Watch гуфт, ин овоздиҳӣ ҳеҷ имкони интихобро ба раъйдиҳандагон фароҳам наовард ва мухолифони аслии ҳукумат ин интихоботро таҳрим ё бойкот карда буданд.

Илҳом Алиеви 56-сола аз замони марги падараш дар соли 2003 раҳбарии ин ҷумҳурии иборат аз 10 миллион ҷамъиятро бар ӯҳда дорад. Пас аз эълони натоиҷи аввалия аз сӯи Комиссияи марказии интихобот, Илҳом Алиев шаби 11-уми апрел дар як суханронии телевизионӣ аз мардуми кишвараш барои райъ додан ба ҷонибдории ӯ сипосгузорӣ намуд ва гуфт, «мардум барои оромӣ, амният ва пешравӣ» раъй доданд.

Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон яке аз аввалинҳо шуда, ба Илҳом Алиев ирсол намуда, гуфт, ки «мо аз чунин дастовардҳои дӯстони худ сидқан хушнуд ҳастем».

 

 

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?