Вазири маорифи Тоҷикистон Нуриддин Саид диплом оиди хатми Донишгоҳи миллии номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагонро аз безътибор гардонид.
Дар як номаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳавзаи интихоботии Данғара №36 ба бахши ҲНИТ дар ноҳияи Данғара, аз 19.01.2015, ки дастраси Паём шуд, омадааст: бо қарори Шӯрои олимони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз 17-уми январи соли 2015 дипломи Комилов Ҷанатулло Иззатуллоевич аз эътибор соқит дониста шудааст.
Замоне, ки шикояти шаҳрвандон солҳо баррасӣ намешавад, зудамалии мақомот дар ин қазия ҳайратовар аст. Додситонӣ 15 уми январ мактуб мекунад, вазорати маориф билофосила нишасти Шӯрои уламо барпо сохта, дипломи Ҷаннутуллоҳро беъэтибор мегардонад ва ҳамагӣ як рӯз пас ҷаласаи Комиссияи интихоботӣ ӯро аз номзадӣ ба вакилӣ маҳрум месозад.
Узви Шӯрои олимон, ки бо сабабҳои маълум аз зикри номаш худдорӣ мешавад, ба Паём гуфт, ки — аттестати мактаби шабонаи ноҳияи Данғара — «камбуд»-и асосӣ барои беэътиборсозии дипломи Комилов шудааст.
Ҷаннатуллоҳи Комил
Ҷанатуллоҳ то соли 2002 дар Покистон қарор дошт, баъди омаданаш ба Тоҷикистон, ба мактаби шабона дохил шуда, онро хатм кардааст. Тибқи гуфтаи манбаъ, солҳои баъди ҷанги шаҳрвандӣ, бо фармони раисҷумҳур мактабҳои шабона, ба мақсади соҳиби аттестат шудани гурезаҳо ташкил шуда буд.
Комилов ҳам баъди гирифтани аттестат ба Донишгоҳи миллӣ шомил шуда, 5 сол дар факултаи таърих, бахши муносибатҳои байналмиллалӣ рӯзона таҳсил кардааст.
“Чун Шӯро бо дархости худи вазир ташкил шуда буд, мо ҳам назарамонро ба эшон гуфтем, ки аттестат қонунӣ аст ва камбуде надорад. Вале ӯ ҳам мо ва ҳам Ҷаннатуллоҳро дашном дода, амр кард, ки диплом беъэтибор гардонида шавад”, — мегуяд манбаъ.
Худи Ҷаннатуллоҳ мегӯяд, ҳангоми фаъолияти таблиғотиаш дар маъраки интихобот, чанд бор раиси ҳавзаи интихоботии ноҳияи Данғара ва сардори ШВКД ӯро даъват карда, хоҳиш кардаанд ки аз номзадиаш даст кашад.
“Раиси ҳавза қабл аз оғози фаолияти таблиғотӣ таҳдид карда буд, ки агар аз номзадӣ даст накашам, бароям мушкилот эҷод мекунанд ва ҳатто гуфт “мумкин аст дипломатро беэътибор кунанд”.
Дертар додситонӣ ва амният ворили амал шуданд ва додситонӣ ба вазорати маориф нома навишт, то дипломи ман санҷида шавад” — изҳор кард собиқ номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагон.
Баъди баромадани фармони вазорати маориф, додситонӣ дарҳол дипломи Комиловро мусодира мекунад ва алъон танҳо нусхаи он дар дасташ боқӣ мондааст.
Дар ҳамин ҳол, ҷавонтарин номзади илм дар Тоҷикистон Саидов Шоҳин Нурович баъди ифшо шудани асардуздӣ ва маҳрум гардиданаш аз унвони номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дар вазорати таҳти роҳбарии падараш ба вазифаи қаблиаш идома медиҳад.
Аввали моҳи ҷорӣ, пойгоҳи Диссернет аз рисоладуздии писари вазири мароф хабар дода гуфта буд Шӯрои диссертатсионии Донишгоҳи дӯстии халқҳои Русия як моҳ пеш тавсия додааст, ки дотсенти кафедраи ҳуқуқи ҷиноятии риштаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Шоҳин Нурович Саидовро аз унвони номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ маҳрум кунанд.