Monday, June 16, 2025
ads
HomeХабарҳоНахустин машқи низомии Тоҷикистону Ӯзбекистон

Нахустин машқи низомии Тоҷикистону Ӯзбекистон

Нирӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистону Ӯзбекистон ба нахустин машқҳои муштараки низомӣ омодагӣ мегиранд. Ин машқҳо, қарор аст, то поёни соли равон дар чанд тамрингоҳи воқеъ дар қаламрави ин ду кишвари ҳамсоя доир шаванд. То кунун артишҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ягон маротиба машқи муштарак анҷом надодаанд. Артиши Ӯзбекистон дар минтақа қавитарин ва артиши Тоҷикистон заифтарин шумурда мешаванд.

Хабаргузории ТоҷикТА хабар дод, ки Тоҷикистону Ӯзбекистон барои нахустин бор дар таърихи худ машқҳои муштараки низомӣ доир мекунанд.

Ба гуфтаи манбаи ТоҷикТА, «нахустин машқҳои муштараки низомии нирӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистону Ӯзбекистон то поёни соли равон доир мешаванд. Дар ҳоли ҳозир намояндагони мақомоти низомии ду кишвар замону макони баргузории ин машқҳо, шумори афсарону аскарон ва техникаи низомиеро, ки дар онҳо бояд ҷалб шаванд, баррасӣ доранд.”

Машқҳои муштарак ғолибан дар чанд тамрингоҳи воқеъ дар қаламрави ин ду кишвари ҳамсоя доир хоҳанд шуд. Дар ҷараёни ин машқҳо аз ҷумла шеваи ҳамкорӣ дар мубориза бо терроризми байналмилалиро тамрин хоҳанд кард.

Аз замони таъсиси нирӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистону Ӯзбекистон чоряк аср мегузарад, вале то кунун низомиҳои ин ду кишвар ягон машқи муштарак доир накардаанд.

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?