Баъди анҷоми мурофиаи додгоҳии 13 узви Раёсати олии ҲНИТ ҳеҷ иттилое аз Муҳаммадалӣ Ҳаит, муовини раиси ҲНИТ, ки ба ҳабси абад маҳкум шудааст, нест.
То имрӯз касе аз наздиконаш ӯро надидааст, яъне ба мулоқоташ иҷоза намедиҳанд, ҳеҷ паёме аз ӯ ба пайвандонаш нарасидааст ва касе ҳам чизе намедонад. Ҳатто хӯроку либосе, ки барои Муҳаммадалӣ Ҳаит бурда мешавад қабул намекунанд.
Наздикони Ҳаит ҳатто ба зинда будани ӯ шубҳа доранд. Баъди хабари бемории шадиди Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода ва шаҳодати Мулло Қурбон Маннонову Нозимҷон Ташрипов хавфу тарси онҳо бештар шудааст.
Муҳаммадалӣ Ҳаит бо мавқеъгирии шадидаш алайҳи иқдомоти ҷинояткоронаи режими Раҳмон маъруф буд ва имкон дорад режим бо ин роҳ мехоҳад аз ӯ қасос бигирад. Чуноне, ки бо қасос Мулло Қурбонро ҳабс карда ба шаҳодат расониданд.
Дар мурофиаи додгоҳӣ ҳам Маҳмадалӣ Ҳаит сароҳатан собит кард, ки ҲНИТ ва раёсату аъзои он ҳеҷ гуноҳе надоранд ва парвандаи онҳо пурра сохта мебошад. Ба зудӣ сабти баҳси Муҳаммадалии Ҳаит бо муовини раиси КДАМ Ҷаълов нашр хоҳад шуд. Дар он баҳс Ҷаълов иқрор мекунад, ки Ҳоҷӣ Ҳалим Назарзода се рӯз пеш аз “кудато” ба ӯ гуфтааст, ки мехоҳанд ӯро боздошт кунанд.
Муҳаммадалӣ Ҳаит ва Саидумар Ҳусайнӣ, ду муовини раиси ҲНИТ ба ҳабси абад маҳкум шудаанд ва дар утоқҳои якнафара нигоҳдорӣ мешаванд.