Monday, March 16, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетШабакаи паёмрасони Телеграм дар ҶИ Эрон масдуд шуд

Шабакаи паёмрасони Телеграм дар ҶИ Эрон масдуд шуд

Додсарои фарҳанг ва расонаҳои Теҳрон эълом кард, ки дастури комилан масдуд кардани   веб-сайт ва эпликейшни шабакаи паёмрасони телеграмро ба ширкатҳои иртиботот ва хадамоти алоқа содир кардааст.

Тавре бахши форсии хабаргузории ББС иттилоъ додааст, ин ширкатҳо вазифадор шудаанд, ки аз имрӯз, душанбе 10 урдибиҳишт, баробар бо 30 апрел ин ҳукмро иҷро кунанд.

Сабаби масдуд шудани  шабакаи паёмрасони Телеграмро мақомоти қазоии Эрон “бо сармоягузории хориҷӣ ва бидуни риояти қавонин ва муқаррароти Ҷумҳурии Исломии Эрон иқдом ба фаъолияти ғайриқонунӣ кардани  шабакаи паёмрасони Телеграм бо ворид намудани халал ба амнияти миллии кишвар дар фазои маҷозӣ” унвон кардааст.

Маврид ба зикр аст, ки ҳамагӣ ду ҳафта пеш аз ин аз ҷониби  додгоҳи Таганскии шаҳри Маскави Русия низ, ҳукми манъи дастрасӣ ба паёмрасони  Telegram содир шуда буд.

Александр Жаров, роҳбари кулли Росскомнадзор гуфта буд, ки худи ҳамон рӯз аз соҳибони фурӯшгоҳҳои барномаҳои интернетии  App Store ва Google Play дархост мекунад, ки замимаи Telegram-ро лағв кунанд.

Ҳукми манъи дастрасӣ ба паёмрасони Telegram  замоне содир шуд, ки роҳбарияти он бо такя ба талаботи Қонститутсияи ФР дар бораи мукотибаи маҳрамона, аз додани калиди паёмҳои корбарон ба Хадамоти амнияти Русия сарпечӣ кард. Аз ин лиҳоз Роскомнадзор Telegram-ро ба феҳрасти замимаҳои мамнӯъ дар Русия ворид кард.

Муассиси паёмрасони Telegram Александр Дуров гуфт, ки паёмрасон фаъолияташро бо истифода аз қуфлшиканҳо ва VPN идома медиҳад.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular