Муассиси шабакаи паёмрасони WhatsApp бо сабаби ихтилоф бо муассис ва роҳбари шабакаи иҷтимоъии Facebook аз вазифа канор рафтааст.
Дар ин бора нашрияи хабар додааст.
Тибқи манбаъ Ян Кум, муассис ва роҳбари шабакаи паёмрасони WhatsApp сабаби аз вазифа канор рафтани худро ба иҷозаи истифодаи маълумоти истифодабарандагони шабака аз ҷониби роҳбарияти шабакаи иҷтимоъии Facebook рабт додааст.
Соли 2014 Ян Кум шабакаи паёмрасони WhatsApp- ро бо арзиши 19 миллиард доллар ба Марк Сукерберг, муассис ва роҳбари шабакаи иҷтимоъии Facebook фурӯхта буд. Аммо роҳбарии шабакаи паёмрасони WhatsApp, ки зертобеъи шабакаи иҷтимоъии Facebook шуда буд, ба души худи Ян Кум вогузор буд. Ян кум ҳамчунин узви шӯрои роҳбарияти шабакаи иҷтимоъии Фейсбук ба шумор мерафт.
“Ман то замоне, ки масъулият ба душ доштам, то тавонистам иҷоза надодам ба маҳорими корбарон касе даст дароз кунад, аммо имрӯз ин кор сода мешавад”. — гуфтааст Ян Кум.
Соли 2016 бинобар ҳифзи маълумоти истифодабарандагон, WhatsApp аз нав коркард шуд ва эҳтимоли шикастани рамзҳои WhatsApp-ро ширкат мураккаб намуд.
Ян Кум на фақат аз вазифаи роҳбарии шабакаи паёмрасони WhatsApp истеъфо додааст, балки аз узвияти шӯрои роҳбарияти ширкати шабакаи иҷтимоъии Фейсбук низ канор рафтааст.
Аммо худи Ян Кум дар саҳифаи фейсбукии худ, ки имрӯз пост кардааст, сабаби канор рафтанашро ба мухолифату муноқиша байни худаш ва роҳбарияти Фейсбук рабт надодааст. Балки гуфтааст, мехоҳад ба кори дигаре машғул шавад.
It’s been almost a decade since Brian and I started WhatsApp, and it’s been an amazing journey with some of the best…
Posted by on
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

