Парлумони Арманистон раҳбари мухолифони ин кишвар Никол Пашиниёнро ба унвони сарвазири ҷадид интихоб накард.
Никол Пашиниён тули чанд ҳафтаи охир тазоҳуроти зиддди ҳукуматиро ба ӯҳда дошт, ки ба истеъфои Серж Саркесён аз вазифаи сарвазирӣ мунҷар шуд.
Ӯ дар ин интихоботи дохилипарлумонӣ номзади ягона буд. Ҳизби ҳокими ҷумҳурихоҳони Арманистон пештар эълом кард, ки барои коҳиши танишҳо дар кишвар номзад ба вазифаи сарвазириро муаррифӣ нахоҳад кард. Ин ҳизб аз соли 1999 бар қудрат мусаллат будааст.
Серж Саркесён, ки даҳ сол президенти Арманистон буд, рӯзи 23 апрел фақат чанд рӯз пас аз адои савганд аз вазифаи сарвазирии ин кишвар канорагирӣ кард. Ў ба талош барои ҳифзи қудрат муттаҳам шуда буд.
Тамоми 47 узви парлумон ба ҷуз вакилони аъзои ҳизби ҳоким дар парлумон қавл дода буданд, ки ба Пешиниён раъй хоҳанд дод. Аммо ӯ барои касби беш аз ними оро дар парлумон, ки 105 курсӣ дорад, ниёзманди ҳимояти баъзе аз намояндагони ҳизби ҳоким буд. Ниҳоят аз 53 овози лозимӣ вакилон ба Никол Пашинён танҳо 45 нафар овоз доданд ва ӯ натавонист орои лозимиро ба даст орад.
Пешиниён зимни баромадаш дар ҷаласаи имрӯзии парлумон, ки дар он ҳамчун сарвазир бояд интихоб мешуд, қавл дод, ки кишварашро аз фасод поксозӣ мекунад ва мардумро аз фақр наҷот хоҳад дод. Хешу таборбозӣ дар ҳукуматро решакан мекунад. Системае, ки қудрати асосиро дар дасти сарвазир нигоҳ медорад ва мақоми сарвазир аз президент боло аст, бо президент баробар хоҳад кард.
«Дар кишвар аллакай системаи суперсарвазир офарида шудааст ва ман худамро барои тавозуни он масъул меҳисобам. Ман комилан бар ин назарам, ки бояд дар кишвар суперсарвазир вуҷуд надошта бошад, аммо системаи муқаррарии ҳукумати парлумонӣ инъикосгари манфиатҳои мардумии кишвари мо хоҳад буд. Президентро ба хотири дар даст нигоҳ доштани қудрат ба як корманди утоқнишин табдил додем, ки ба обрӯву эътибори кишварамон таъсири манфӣ мерасонад». — изҳор намуд Пашиниён.
Ӯ дар бораи сиёсати хориҷии Арманистон гуфт, ки кишвараш ҳамоно шарики стратегии Русия ва узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ боқӣ мемонад. Ҳамчунин ӯ таъкид кард, ки Арманистон узви Иттиҳоди иқтисодии Евроосиё боқӣ хоҳад монд.
«Барои аз байн бурдани низоми раводид бо кишварҳои Иттиҳоди Аврупо кӯшиш хоҳем кард. Муносибатҳои дӯстона бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба такмили нав ниёз доранд, ки бояд дар ин росто чораҳо андешида шавад» — таъкид кард Никол Пашиниён
Никол Пашиниён 42 сола мебошад. 1 июни соли 1975 дар шаҳри Иждевани Арманистон дида ба дунё кушодааст. Аз соли 1993 ба фаолияти рӯзноманигорӣ машғул шудааст. Дар нашрияҳо ва ҳафтаномаҳои Дпрутюн, Лрагир, Лрагир-ор, Молорак ҳамчун рӯзноманигор кор кардааст. Аз соли 1995 то соли 1997 ҳамчун муҳаррири Эм-эс-э ва ҳафтаномаи Молорак фаъолияти рӯзноманигории худро идома додааст. Соли 1998 ҳафтаномаи Орагирро таъсис медиҳад ва худаш ба ҳайси сармуҳарир фаъолият мекунад.
Тобистони соли 1999 дар натиҷаи нашри як матлаби бӯҳтонӣ, суд идораи ҳафтаномаи Орагирро ба 25 ҳазор доллар ҷарима ва худи Никол Пашиниян, сармуҳаррири ҳафтаномаро ба як соли зиндон маҳкум мекунад. Баъд аз ин, ҳафтаномаи Орагир баста мешавад.
Баъдан, ҳамчун сармуҳаррири ҳафтаномаи «Айкакан Ҷаманак» фаъолияти рӯзноманигории худро идома медиҳад.
Соли 2008 ӯ узви ситоди пешазинтихоботии номзади президентӣ, Левон Тер-Петросян буд. Пас аз танишҳо ва бесарусомонии 1-2 марти соли 2008 дар Ереван, мақомот ӯро дар пайгарди ҷиноӣ қарор медиҳад. Соли 2009 бо хоҳиши худ ба мақомот таслим мешавад. Дар моҳи январи соли 2010 аз ҷониби мақоми судии Арманистон ба 7 соли зиндон маҳкум мегардад. Сипас, моҳи майи соли 2011 ба муносибати солгарди 20-солагии истиқлолияти Арманистон бо эълони авф Никол Пашиниён пеш аз мӯҳлат озод мешавад.
Дар соли 2012 аз ҳизби «Конгресси Миллии Арманистон» вакили парлумони ин кишвар интихоб шуд.
Аз соли 2013 — узви «Шартномаи шаҳрвандӣ».
Аз соли 2016 — узви ҳизби «Элк».
Дар соли 2017 аз ҳизби «Элк» вакили парлумони Арманистон интихоб шудааст.
Дар моҳи сентябри соли 2017, дар интихобот ба вазифаи раиси шаҳри Ереван ҳамчун номзад иштирок карда, бо 21 фоизи оро ҷои дуюм мешавад.
Айни ҳол Никол Пашиниян роҳбари ҳизби парлумонии “Елк” мебошад. Ӯ дар ҳоле ба вазифаи сарвазири Арманистон довталаб шуд, ки дипломи маълумоти олӣ надорад. Дар саҳифаи фейсбукии худ дар ин бора навиштааст, замоне, ки дар курси панҷуми Донишгоҳи давлатии Ереван таҳсил мекард, бино ба дидгоҳҳои сиёсиаш ӯро аз донишгоҳ хориҷ кардаанд.
«Ман соли 1991 ба Донишгоҳи давлатии Ереван дохил шуда, то соли 1995 таҳсил кардам. Ҳамагӣ як ё ду рӯз пеш аз имтиҳони хатмкунӣ бо қарори ректори донишгоҳ ихроҷ шудам. Ин қарор ба дидгоҳҳои сиёсӣ ва фаъолияти рӯзноманигории ман рабт дошт. Замони донишҷӯӣ ман тамоми имтиҳону санҷишҳоро бо баҳои аъло супоридаам ва дафтарчаи санҷишиям дар бойгонии ман ҳифз шудааст. Марҳамат метавонед аз назар гузаронед», — навишта буд Пашиниён дар саҳифаи фейсбукиаш.
Գիտեմ, որ վերջերս շատ է քննարկվել իմ բարձրագույն կրթության դիպլոմ ունենալ-չունենալու հարցը, ուստի ստորեւ ներկայացնում եմ…
Posted by on
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

