Sunday, March 15, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетКишварҳои ОМ ба ҷуз Тоҷикистон ба НБ офтобӣ рағбати зиёд пайдо кардаанд

Кишварҳои ОМ ба ҷуз Тоҷикистон ба НБ офтобӣ рағбати зиёд пайдо кардаанд

Ҷамоҳири Осиёи Марказӣ раҳоӣ аз бунбасти нерӯи энергетикиро дар бунёди нерӯгоҳҳои хурду миёна ва зиёд кардани нерӯгоҳҳои бодиву офтобӣ медонанд. Дар ин росто Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон қадамҳои устуворе ба пеш ниҳодаанд.

Дар деҳаи Батири ноҳияи Мунайлини Қазоқистон, дар ҳудуди 36 гектар Нерӯгоҳи барқии офтобӣ сохта шуд, ки арзиши сохтмони лоиҳа 1.2 миллиард тангаи қазоқиро ташкил медиҳад (тақрибан 3,6 миллион доллар). Он аз ҷониби Барномаи ягонаи дастгирии тиҷорати хурд ва барномаи рушди соҳибкорӣ «Харитаи роҳи тиҷрорат-2020» маблағгузорӣ шудааст. Иқтидори нерӯгоҳи барқии офтобӣ 2MВт буда, дар як сол 3500 кВт / соатро ташкил медиҳад.

Барои кори он зиёда аз 8000 панели азхудкунандаи нерӯи офтоб дар 39 қатор насб гардидааст. Панелҳои азхудкунандаи нерӯи офтоб дар худи Қазоқистон аз маъданҳои омехтаи дохилӣ коркард шудаанд. Иншооти нав наздик ба 300 аҳолиро ба нерӯи барқ ​​таъмин хоҳад кард.

Гуфтан ба маврид аст, ки  моҳи апрели соли ҷорӣ дар Ӯзбекистон, кишвари ҳамсояи Қазоқистон ва Тоҷикистон низ  аз ҷониби яке аз ширкатҳои бузурги Кореяи Ҷанубӣ Hyundai Engineering ва Construction сохта шудани як нерӯгоҳи офтобӣ расонаӣ шуд. Арзиши лоиҳа  540 миллион доллар буда, иқтидори он баробар бо 450 МВт хоҳад буд. Ин нерӯгоҳ дар минтақаи Навоии Ӯзбекистон сохта мешавад. Гуфта мешавад, барои татбиқи ин лоиҳа 38 моҳ вақт лозим аст.

Ҳамчунин моҳи марти соли 2018 расонаҳои узбекӣ гузориш дода буданд, ки дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон сохтмони панҷ нерӯгоҳи барқи офтобӣ ба маблағи умумии  1.88 млрд доллар ба нақша гирифта шудааст.

Аввалин нерӯгоҳи барқи офтобии Ӯзбекистон моҳи декабри соли 2014 дар вилояти Намангон ба истифода дода шудааст. Он 14 аҳолиро ба қувваи барқ таъмин мекунад. Дар соли 2016, нерӯгоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори 1,2 МВт дар вилояти Бухоро мавриди истифода қарор гирифтааст. Аз соли 2013 инҷониб сохтмони нерӯгоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори 100 МВт дар устони Самарқанд низ идома дорад.

Аз он ҷумла дар Ҷумҳурии Туркманистон пажуҳишгоҳи махсуси истифода аз нури офтоб вуҷуд  дорад, ки мавзӯи баҳрамандӣ аз ин манбаи энержиро баррасӣ мекунад.

Аммо дар Тоҷикистон мизони истифода аз нерӯи нури офтоб барои тавлиди барқ баробар бо 1 дар сад ҳам нест.

Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистон дар камарбанди хуршедии ҷаҳон ҷойгир буда, шумори рӯзҳои офтобии он дар як сол ба андозаи миёна 280-300 рӯзро ташкил медиҳад. Ниёзи мардум ба қувваи барқ дар ин кишвар беш аз пеш буда, давлат қудрати таъмини пурраи мардум ба қувваи барқро то ба ҳол надорад. Кашидани симчубҳо ба деҳаҳои дурдаст масрафҳои зиёдро талаб намуда, зуд зуд симчубҳо ба садамаҳо дучор мешаванд ва сабаби ҳафтаҳо бебарқ мондани аҳолии дурдаст мешавад. Чанд Созмонҳои байналмилалии иқтисодӣ ба монанди Бонки Осиёии рушд, Бонки рушди исломӣ, инчунин созмонҳои бонуфузе ба монанди САҲА ва СММ ба Тоҷикистон солҳост, ки тавсия медиҳанд, ба тавлиди нерӯи барқии бодӣ ва офтобӣ, ки сохтмони он ниҳоят каммасраф аст, рӯ биёрад. Ҳатто соли 2012 ширкати бузурги аврупоии «Гиговатт Глобал» бо Тоҷикистон шартнома баста буд, ки кишварро бо панелҳои азхудкунандаи нерӯи офтобӣ таъмин хоҳад кард.

Аммо ин қарордод дар доираи ниҳоят танг, танҳо барои қонеъ кунонидани созмонҳои байналмилалӣ, ки Тоҷикистон ба тавлиди нерӯи барқӣ офтобӣ рӯй овардааст, иҷро шуду халос. Бар замми ин бино  ба ақидаи мутахассисон, баъзе аз корхонаҳои ҷумҳурӣ мисли ТАЛКО қодиранд, ки тавлиди коллекторҳои офтобиро ба роҳ монанд.

Гузашта аз ин, аз чӣ бошад, ки ҳатто ҳукумат ҳавасманди он нест, ки ба шаҳрвандон иҷоза дода шавад, то ки онҳо нерӯгоҳи хурди шахсии офтобӣ ва ё бодии худро дошта бошанд.

Фурӯши барқ, ки дар Тоҷикистон монополияи давлатӣ мебошад, барои коҳиши адади мизоҷони худ ҳукумат ҷонибдор нест. Ҷиҳати таъмини қувваи барқ ба мардум, ҳукумати Тоҷикистон на ҳамчун як мушкилоти иҷтимоъӣ, балки бештар ҳамчун як тарҳи иқтисодӣ назар мекунад. Ҳол он ки дар натиҷаи вусъат бахшидан ба сохтмони нерӯгоҳҳои офтобию бодӣ, масрафи қувваи барқ дар кишвар сарфа мешавад ва имконияти содир намудани қувваи барқи обӣ ба ҳамсоякишварҳо боз ҳам бештар мегардад.  Вақте мардум мустақилона, роҳи таъмин кардани худро  ба қувваи барқ дарёфт мекунанд, бори гарони масъулияти таъмини қувваи барқ аз души ҳукумат бардошта мешавад ва кишвар як мушкилоти умдаи худро пушти сар мекунад.

Дар кишвари Малайзия ба ҷуз иншоотҳои давлатӣ ва хонаҳои баландошёнаи истиқомативу ғайриистиқоматӣ, давлат ба хонаҳои истиқоматии заминӣ ва шахсӣ қувваи барқ намедиҳад.  Соҳибони хонаҳои шахсӣ худашон мустақилона ба худ нерӯгоҳи хурди барқии офтобӣ ё бодӣ месозанд. Ба ҳавлӣ ё боми хонаҳои худ панелҳои азхудкунандаи нерӯи офтобиро насб мекунанд. Бо ҳамин шаҳрвандон аз пардохти истифодаи қувваи барқ наҷот меёбанд.

Маврид ба зикр аст, ки баҳрабардорӣ аз зарфият ва тавонмандиҳои Офтоб аз нимаи дуюми асри XX дар Аврупои Ғарбӣ ва ИМА шурӯъ шуд ва имрӯз қариб тамоми кишварҳои дунё ба ин энергияи бепоёну бебадал рӯ овардаанд. Бино ба пешбинии Кунгураи энергетикии ҷаҳонӣ, соли 2020-ум 5,8 дарсади ниёзи ҷаҳонии энергия аз ҳисоби манбаъҳои энергиязои ҷойгузин таъмин ва 70 дарсади фонди маскунии Иттиҳоди Аврупо бо ин нерӯ рӯшану гарм хоҳад шуд. Коршиносони Оҷонси байналмилалии энергетикӣ (IEA) ҳадс мезананд, ки энергетикаи офтобӣ пас аз 40 сол ҳамзамон бо мавҷудияти технологияи пешрафта бо тавлиди қариб 9 ҳазор теравватсоат ё 20-25 дарсади нерӯи барқи мавриди ниёзи башар ҳар сол 6 миллиард тонна партови гази карбонро коҳиш хоҳад дод.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular