Thursday, March 12, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетКушта шудани 10 узбек, 6 тоҷик ва 2 фаронсавии доишӣ дар Афғонистон

Кушта шудани 10 узбек, 6 тоҷик ва 2 фаронсавии доишӣ дар Афғонистон

Дар як инфиҷори шадид, ки гуфта мешавад бар асари таркиши камарбандҳои интиҳории гурӯҳи ДОИШ рух додааст, 27 нафар узви ин гурӯҳ ба ҳалокат расидаанд. Дар ин бора сомонаи “Хомапресс” гузориш додааст.

Муҳаммадҳаниф Ризоӣ қумандони урдуи 209-и Афғонистон дар ин бора ба хабарнигори “Хомапресс” гуфтааст, ки чанде пеш хабари омодагии ин гурӯҳ барои ҳамла ба мо расид. Сипас неруҳои артиши Афғонистон онҳоро ҳадафи ҳамла қарор доданд. Ба назар мерасан ин инфиҷор дар дохили ин гурӯҳ бар асари исобати тири ҳовон(миномиёт) сар задааст. Дар миёни кушташудаҳо ду нафар фармондеҳони ин гурӯҳ низ ҳастанд.

Муҳаммадҳаниф Ризоӣ таъкид кардааст, ки дар миёни кушташудаҳо 10 нафар шаҳрвандони Узбекистон, 6 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, 2 нафар шарвандони Фаронса ва бақия афғон ҳастанд.

То ҳол гурӯҳи ДИИШ ин хабарро таъйид ё такзиб накардааст.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular