Tuesday, March 24, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетДодситонӣ ҳам иттиҳоми ВКД-ро тасдиқ кард

Додситонӣ ҳам иттиҳоми ВКД-ро тасдиқ кард

Додситонии кулли Тоҷикистон дар бораи ифтитоҳи парванда ба ҳамлагарон ба сайёҳон дар ноҳияи Данғара бо моддаҳои “терроризм” ва “куштор” хабар дод.

Парванда, тибқи гуфтаи додситонӣ, дарҳол баъди ҳодиса боз шуда, 5 нафар боздошт ва 4 нафар аз байн бурда шудаанд.

Додситонӣ мегӯяд, ки дар рафти азназаргузаронии ҷои ҳодиса, дар мошин корду табар, телефони дастӣ, пояфзори варзишӣ ва ду шиноснома ба номи Асомиддин Маҷидов ва Заварыон Сафаров пайдо шудааст.

Ҳангоми пурсиш дастгиршуда Абдусамадов Ҳ.А. тасдиқ кард, ки ӯ роҳбари дастаи террористӣ буда, онҳо ин амалиёти террористиро бо супориши Қорӣ-Носир ном шахс – аъзои фаъоли ташкилоти экстремистӣ-террористии Ҳизби наҳзати ислом бо мақсади халалдор сохтани амнияти ҷамъиятию давлатии Тоҷикистон содир намудаанд” — омадааст дар изҳороти додситонӣ.

Додситонии кулли Тоҷикистон пурра иттиҳомоти ВКД-ро тасдиқ кард ва фармоишгарро ҳам узви ҲНИТ Убайдов Н.А. ном бурд: “Муайян гардид, ки фармоишгари ҷиноят Қорӣ-Носир ин Убайдов Носирхуҷа Аҳтамович мебошад, ки аз соли 1992 аъзои фаъоли ташкилоти экстремистӣ-террористии Ҳизби наҳзати ислом буда, аз соли 2015 дар кофтукови расмӣ қарор дорад.”

Тафтишот, тибқи гуфтаи додситонӣ “таҳти роҳбарии бевоситаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Юсуф Аҳмадзод босуръат идома дошта, амалиётҳои зарурии тафтишотӣ гузаронида шуда, ҳама ҷинояткорон дастгир карда шуданд”.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular