Tuesday, March 24, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетИдомаи тазоҳурот барои наҷоти Ҳамза Тиллозода. Вена

Идомаи тазоҳурот барои наҷоти Ҳамза Тиллозода. Вена

Имрӯз дар бархе кишварҳои аврупоӣ силсила тазоҳуротҳо бо талаби раҳоии Ҳамза Тиллозода, писари Рӯҳуллоҳ Тиллозода ва набераи раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ баргузор гардид.

Фаъолони сиёсии тоҷик дар назди бинои САҲА  дар Утриш тазоҳурот баргузор намуданд ва аз созмонҳои ҳуқуқи башар талаб намуданд, барои раҳоии ҲамзаТиллозода мусоидат намоянд.

Холид Муҳаммадсаид дар суҳбат бо ПАЁМ гуфт, дар ин гирдиҳамои ҳудуди 30 нафар иштирок намуданд.

Ин тазоҳурот аз соати 10 то 11:40 дақиқа ба вақти Утриш идома ёфта, Маҳмудҷони Файзраҳмон сухангуйи Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон ва Сулаймони Орзу фаъоли сиёсии тоҷик суханрони намуданд ва дар охир баёнияи тазоҳуроткунандаҳоро ба дафтари САҲА таслим намуданд.

Маҳмудҷони Файзраҳмон дар суханронияш зикр намуд, ки тибқи хабарҳои расида, шиносномаҳои Ҳамза Тиллозода ва модараш  омода шудаанд, вале ситоди наҷоти Ҳамза тасмим гирифтааст, ки то берун шудани онҳо аз кишвар, гирдиҳамоиҳо идома ёбанд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular