Tuesday, March 24, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетРасонаҳои маъруфи ҷаҳон имрӯз оиди ҳамла ба гардишгарон дар Тоҷикистон

Расонаҳои маъруфи ҷаҳон имрӯз оиди ҳамла ба гардишгарон дар Тоҷикистон

Ҳодисаи ҳамла ба гардишгарон дар Тоҷикитсон аз сархати расонаҳои ҷаҳон поён намеравад. Маъруфтарин расонаҳои ҷаҳон ба ин ҳодиса пардохтаанд ва аксарияти кулл онро кори дасти ДОИШ медонанд.

Хабаргузории маъруфи Фаронса «LeFigaro» дар гузоришаш ба номи: менависад: Ташкилоти «Давлати исломи» (ДОИШ) хабар дод, ки дар ноҳияи Данғара гардишгарони хориҷӣ аз ҷумла ду амрикоӣ, як суисӣ ва як ҳоландиро ба қатл расонидааст.

Дар гузориш омадааст:  дар баёнияе ба забони арабӣ як «гуруҳ ҷангҷуёни хилофат» дар сойти ин ташкилот дар пахши мустақим масъулияти ин ҳамларо ба души худ гирифтанд.

«Садои Амрико» дар гузоришашменависад: ташкилоти «Давлати исломи» масъулити ҳамла ва қатли чор гардишгари хориҷи дар ноҳияи Данғараи ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ӯҳда гирифт. Дар ин бора хадамоти иттилоотии АЪМОҚ, ки марбут ба ин созмон аст, хабар дод, вале  ҳеҷ гуна тафсилотеро зикр ва тасдиқе барои изҳорот пешниҳод накардааст.

Сафорати Амрико дар Тоҷикистон дар баёнияе гуфта: «мо ин ҳамлаи бераҳмонаи муҳоҷимонро ба шиддат маҳкум карда таъкид мекунем, ки онҳо ҳеҷ гуна нишондиҳандаи меҳрубони ва меҳмоннавозии мардуми Тоҷик нестанд».

РИА Новости:

Хабаргузории «РИА Новости»-и Русия дар ин гузоришаш менависад: ДОЪИШ  навори видеоиеро дар интернет пахш намудааст, ки як гурӯҳ ҷавонон ба ин созмони терористӣ байъат месупоранд. Дар ин паём як гурӯҳ ҷавонони тоҷик эълом медоранд, ки ҳамла бар гардишгарони хориҷиро дар рӯзи якшанбе мо анҷом додем. Душанбе ин маълумотро тафтиш дорад, аммо версияи асосии ҳукумат — гардишгарон аз дасти опозисиюн ба қатл расидаанд. Кӣ дар пушти ин ҳамлаи терорисити меистад ва гардишгари дар Тоҷикистон то чи ҳад  хатар дорад?

Ин ҳамлаи терористи рӯзи 29-уми август сурат гирифт, ки дар натиҷа ду гардишгари амрикоӣ, як швейтсарӣ, як ҳоланди кушта шуд ва се нафари дигар ҷароҳати вазнин бардоштанд. Ҳамлагарон безарар гардонида ва се тоҷики гумонбар боздошт шуданд. Раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон тафтишоти ин қазияро зери назорати шахсии худ гирифт. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико омодагии худро барои кӯмак дар тафтишот баён кардааст.

Гардишгарони амрикоӣ баъди ин ҳодисаи ваҳшатнок хаймаву дучархаҳои худро дар кӯҳҳои Помир монда, чиптаи ҳавопаймо харида ба хонаҳояшон баргаштанд.

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон баъди боздошти Ҳусейн Абдусамадов ягона терористе, ки зинда монд, ӯро узви  ҲНИТ хонда дар пушти ин ҳамла ҳизби наҳзатро гунаҳгор мебинад.

  Дар гузориш омадааст: «сиёсатшиноси мустақили Тоҷик Абдуғани Мамадазимов мегуяд, ки: «ҲНИТ дар замони ҷанги шаҳрвандӣ дар солҳои 90-ум як ҳизби родиколӣ буд, аммо баъди созишномаи сулҳ ба як ҳизби расми ва сиёсӣ табдил гашт. Бозгашт ба ифротгароӣ метавонанд касоне бошанд, ки аз ҲНИТ маншаъ гирифтаанд. Аммо, ба гумон аст, ки ҷавонони  боздоштшудаи қазияи гардишгарон дар мавриди ҲНИТ маълумоти кофӣ дошта бошанд». гуфтааст коршинос.

  Ҳамсӯҳбати «РИА Новости» дар Тоҷикистон, ки дар Осиёи Марказӣ солҳои тулонӣ ифротгароёни исломиро таҳқиқ кардааст гуфта, ки ҳамла ба гардишгарон усули мухолифини Тоҷик нест. «ҲНИТ ҳаргиз ба хориҷиҳо ҳамла накардааст, ҳатто дар замони ҷанги шаҳрвандӣ. Он замон таркишҳо сурат мегирифт, одамон кушта мешуданд, аммо ҳамла ба хориҷиҳо ин усули хоси ДОЪИШ аст», мегуяд коршинос.

Хабаргузории «LeParisien»-и Фаронса дар гузорише ба номи чунин менависад: Тоҷикистон ҳамла ба гардишгарони хориҷиро бар души опозисиюни исломӣ бор кард, аммо ДОЪИШ  масъулияти ин ҳамларо ба ӯҳда гирифт.

Ҳарчанде, ки ҲНИТ ҳамеша як ҳизби муътадили исломӣ буд, лекин давлат ин ҳизбро соли 2015 мамнӯъ эълон намуд. Ин мамнӯъият боиси нигаронии Амрико, Иттиҳоди Аврупо, Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои ҳуқуқи башар шуд.

Дар гузориш омадааст: раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон аз соли 1992 ин ҷониб ҳукуматро бо «мушти оҳнанин» роҳбарӣ дорад.

 

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular