Муҳтарам таҳлилгарону аҳли қалам , аҷр гузоштан ба оини динии мову шумо тавозуну таносуб дорад, баъзан баҳсро ба чаптобӣ бурдан аз руи инсофу ҳақиқатнигорӣ нест Агар мо аз торихи пешрафти илму фани Олами Шарқ комилан бохабар бошем, пас чунин баҳсҳои ноҷоро доман намезанем.
Ислом ба зоти худ ҳаргиз монеъи донишу фарҳанг ва хирад набуда, чун мероси илмии донишмандони исломӣ натанҳо дар улуми ҷомеъашиносию инсонсозӣ бебаҳост, ҳамчунин дар ғанӣ гардонидани фанҳои дақиқ низ саҳми арзанда гузоштааст, ки барои шинохти он заковату басират мебояд, на сангзанию ношукрӣ аз дини худ! Ба гузаштагонамон ифтихор карда, дини онҳоро аз эшон буридани бошем, моро на инки қадр, балки масхара ҳам мекунанд.
Мутаҳаййир аз онам, ки ҳар замоне аз масоили динию риояи адлу инсоф гап кушодӣ, беандеша онро ба сиёсату куштор мебарем, ҳол он, ки ба кару кур маълум аст, ки осебпазиирии мамолики исломӣ ба ноамнию низоъ асосан аз пастии тафаккури илмию динӣ ва шуурнокии сиёсии ҷомеа , қашшоқию камбағалии омма ва худхоҳию сулолапарастии раҳбаронаш бастагӣ доштааст.
Мутаассифона, имруз ҳам бо шиорҳои демократию озоддихоҳӣ, шаҳравндию динӣ, ки пайравии ихтиёрии шиорҳои исломиро низ таъмин мекунад, худро зиннат дода, талаботи онро иҷро намекунем ва ба курсиҳои қудрат «часпидаем». Бигзор ҳамин курсӣ аз ҳамон чоҳу мансбпарастони сернашаванда бошад,»ҳалолашон» шавад, лекин салоҳ он нест, ки мардуми қоим ба дину оинашро ба ҳоли худаш монанд?
Ҳифзи ҳиҷобу пайравӣ аз шиорҳои динӣ магар бефарҳангӣ, боиси ақибмондагӣ ва пешрафт аст? Инро шахсе иддао дорад, ки аз ҷаҳони муосир бехабар аст, ё динситез буда, ё худ бехабар аҳдофи душманони исломро пиёда карданист.
Албатта, ҳеҷ ҳаракату шахсият, раҳбари муътабарам бошад, беайбу нуксон ва маъсум буда наметавонад. Ҳеҷ вазиру вузаро раҳбари оли ҳам шавад, «мусичаи бегуноҳ» нахоҳад буд. Инсоф он аст, ки вақте дигар тарафро санг задӣ, худатро ҳам нигоҳ кунӣ, ҳар амал, хусусан дар сиёсати давлатдорӣ ченаку андоза бояд дошта бошад.
Бо вуҷуди ҳама иддаоҳо бо чунин шева бераҳмона бархурд кардан ба раҳбарият ва аъзои наҳзату пайравони он, монеъагузорӣ ба аҳзоби дигари мухолиф, демократу социалист ва дигар ҳаракатҳои сиёсӣ ба кадом ченак дуруст меояд? Агар воқеан, айби ҷиноии ин ҳизб исботу ҷинояти раҳбаронаш воқеият доштанд, чаро онро пинҳонӣ гузаронида, ҳукмномаи беинсофона бароварданд. Чаро тамоми аъзо ва раҳбарияти ин ҳизб гаравгон гирифта шаванд. Инсоф тақозо мекунад, ки новобаста аз мавқеи шахсӣ, сиёсӣ ва мансубияти динию атеистӣ ба беадолатиҳо вокеъбинона назар карда шавад, ҳамчуноне ки рузноманигор Сафват андешаронӣ кардааст, ки ҳеҷ вақт ба ин наҳзат рабте надошт! Ҳамчуноне, ки дигарон ҳам таҳлилҳое доштанд. Бешубҳа, паси ҳар кадом ҳалнома тақдири садҳо афроди пиру барно, зану модар, хурду калон меистад, ки онҳоро низ ором намегузоранд.
Пас, имруз, ки ҳукуматиҳо аз ноуҳдабароӣ миллатро мадюни СОЗМОНҲОИ бонуфузи пулию молӣ кардаву хусусан, мардумро зери пои ҳамсояи «офтобиамон» карда истодаанд, ҳол он ки шаҳрвандони худӣ ҷабру зулми муҳоҷирати корӣ мекашанд, дар хидмати кадом хоҷагонанд? Ҳама ин маблағҳо ва дигар кумакҳову қарзҳо ба ҷои худ расида, ғорат намешавад? Бо ин маоши ночиз ин ҳама «дову дастгаҳ», қасру кушк ва сабукравҳои фохира аз куҷост, мар «ҳеҷбудагони собиқ»-ро! “А”-ро, ки гуфтем, “б”- ро ҳам фаромуш накунем!
Бенуфуз кардани мухолифин буғӣ кардани озодандешию таҳдиду зулм роҳи ҳал нест, балки роҳи ҳал беҳдошти мардуму фароҳам овардани шароити зиндагӣ, кор, таълим, шаффофии чорабиниҳои сиёсӣ ва пешгирии фасоду қавмпарастию минтақагароӣ ва авлодпарастӣ, (ки ниёз ба тавҷеҳу шарҳ нест) мебошад.
Бо баҳонаи муқобала ба ифротгароию экстремизм , мубориза бо ҳизби динию шахсиятҳои исломӣ, дигарандешӣ ва равшангароиро буғӣ карда, беадолатона кунҷи зиндон кардани соҳибкорони муваффақ ва мухолифини сиёсӣ, дар ин замина мардумро ба гуруҳҳо ҷудо кардан магар салоҳи кор аст?
Оё ин ҷомеаро орому пешравиро кафолат медихад? Ҳарчи зудтар аз аспи такаббурию ҷаҳолат фаромада, гузашту ризоиятро пеш гирифтан нишонаи хирадмандию ғамхорӣ ва хайрхоҳи Ватану Миллат будан аст, на аз худ қаҳрамонтарошию бузургманишӣ! Дар ин аёми ҳассос машварати наку додан ва холисона мавкеьгирӣ кардан мардонагию масъулияти миллист. Ҳама бо тамоми камбудию нуқсон ва дидгоҳу андеша фарзандони ин миллатанд, бо роҳи сунъӣ якдигарро бадному сиёҳ кардан ба деги бадхоҳони Ватану миллат равған рехтан аст. Оина ҳамеша ду ваҷҳ дорад!
Асадулло Вализода
Таҳлилгари умури сиёсӣ
Бознашр аз саҳифаи фейсбукии муаллиф
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

