Wednesday, March 25, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетСӯҳроб Зафар гуруснанишинӣ эълон кард

Сӯҳроб Зафар гуруснанишинӣ эълон кард

Раҳбари Гурӯҳи 24, ки дар боздоштгоҳи муваққатии Туркия ба сар мебарад, эълон кардааст сар аз субҳи имрӯз даст ба гуруснанишинӣ мезанад. Дар ин бора сойти расмии ин гурӯҳ хабар медиҳад.

Сӯҳроб Зафар гуфтааст ба гуруснашинӣ то замони ҳал шудани қазияаш ва раҳо шуданаш аз боздоштгоҳ идома хоҳад дод.

Раҳбари Гурӯҳи 24 ҳамроҳ бо узви фаъоли ин гурӯҳ Насимҷон Шарипов моҳи марти соли ҷорӣ бо дархости мақомоти Тоҷикитсон боздошт шуда буд. Дертар мақомоти Туркия Шариповро “бинобар набудани далели ҷиноят” раҳо карданд, аммо дар мавриди Сӯҳроб Зафар ҳеҷ маълумоте то ҳол ироа накардаанд.

Додгоҳи конститутсионии Туркия истирдоди Сӯҳроб Зафарро ба Тоҷикистон манъ кардааст.

Чанд рӯз қабл манбаъи Паём иттилоъ дода буд, ки раҳбари Гурӯҳи 24-ро ҳамроҳ бо Сайдулло Валиев, домоди узви Раёсати олии ҲНИТ Шоҳнаими Карим ба боздоштгоҳи дигар интиқол додаанд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular