Wednesday, March 25, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетАввалин эътилофи фарогири мухолифин дар хориҷ (навор ва аксҳо)

Аввалин эътилофи фарогири мухолифин дар хориҷ (навор ва аксҳо)

Дар Варшава маросими ба имзорасии деклоратсияи эътилофе таҳти унвони “Паймони миллии Тоҷикистон” аз тарафи Ҳизбу созмонҳои оппозитсионии Тоҷикистон, ки дар хориҷ аз кишвар қарор доранд, ба охир расид. Чанд дақиқа қабл ҷаласаи аввалини ин эътилоф ба охир расид ва ширкаткунандагони он ба ҷашни Истиқлол рафтанд. 

Дар эътилоф Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, Анҷумани Озодандешони Тоҷикистон, Ҷунбиши Ислоҳот ва Рушд дар Тоҷикистон ва Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Миёна ворид шуданд. Ин аввалин эътилофи фарогир дар хориҷи кишвар аст.

Паймонро аз тарафи ҲНИТ раиси он Муҳиддин Кабирӣ, аз тарафи АОТ дабираш Алим Шерзамонов, аз тарафи ИРТ ҳамоҳангкунаи он Шарофиддин Гадоев ва аз тарафи АМОМ раҳбараш Илҳомҷон Ёқубов имзо карданд.

Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ зимни суханронии табрикотиаш ба ин муносибат таъсиси эътилофро «саҳифаи нави таърих» номид ва гуфт «эътилоф моли миллат аст на аз чаҳор созмоне, ки онро имзо карданд». Кабирӣ ҳамчунин гуфт «дари эътилоф барои ҳамагон боз аст  ва тамоми мардони мубориз, онҳое, ки як ватани озод, пешрафта ва миллиро дидан мехоҳанд, метавонанд узви ин Паймон шаванд ё ба ҳар шакле, ки мехоҳанд бо он ҳамкорӣ кунанд».

Раиси ҲНИТ дар сӯҳбат бо «Паём» гуфт «таъсиси Паймони миллиро дар чунин рӯз мо ҳамчун фоли нек медонем. Ин маънии онро дорад, ки нерӯҳои таъсисидиҳандаи ин Паймон содик ба арзишҳо ва хадафҳои истиқлолхоҳии он  нерӯҳо ва ашхосе мебошанд, ки барои ин рӯз талош кардаанд. Ин қадами аввал барои муборизаи ҷиддӣ, пайгирона ва дастаҷамъона барои расидан ба як ҷомеъаи озод аст, ки дар он инсони мустақил ва соҳибкаромат зиндагӣ кунад. Мо медонем, ки ин роҳ душвор аст, хатарнок аст ва монеъаҳои зиёде дар пеш хоҳанд буд. Аммо, роҳи расидан ба озодӣ, истиқлолият ва адолат ҳеҷ гоҳ ҳамвор ва осон набудааст».

Сухан аз эътилоф беш аз як сол қабл дар нишасти Дортмунд ба миён омада буд. Он замон мухолифин ба гуфтугӯ нишастанд, то роҳҳои расидан ба ин паймонро баррасӣ кунанд. Дар он нишаст ба ҷузъ ин 4 ҳизбу созмон, намояндаи Гурӯҳи 24 низ ширкат дошт, аммо дертар ин гурӯҳ эълон кард дар эътилоф ворид нахоҳад шуд.

Ҳукумати Тоҷикистон ҳам бо шиддат мекӯшид аз имзои ҳар паймоне байни мухолифин ҷилавгирӣ кунад. Чуноне ки афсари фирории КДАМ Маҳмадалӣ Расулов эътироф кард, ба хотири эҷоди парокандагӣ байни мухолифин дар хориҷ, КДАМ бо кӯмаки ҷосусҳояш дар хориҷ тавонистааст як эътилофи зиддинаҳзатӣ ташкил кунад. 

Баъди баимзорасии паймони эътилоф, ҷашни Истиқлолияти Тоҷикистон дар ҳамон толор оғоз шуд. Паём аз раванди ин ҷашн ҳам гузориш хоҳад дод.

 

Видеое аз хатми маросими имзои ПАЙМОНИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

Posted by on Sunday, September 9, 2018

 

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular