Wednesday, March 25, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетБа Шӯҳрат Қудратов боз ҳабс таҳдид мекунад?

Ба Шӯҳрат Қудратов боз ҳабс таҳдид мекунад?

Шӯҳрат Қудратов, вакили дифоъи маъруф, ки тоза аз зиндон озод шудааст, дар саҳифаи фейсбукиаш аз фишори дубораи мақомот алайҳай хабар додааст.

Қудратов навиштааст давоми 18 рӯзе, ки дар озодӣ қарор дорад, 6 маротиба тафтиш шудааст ва алайҳаш ду протокол тартиб дода шудааст: яке барои гузаштани мӯҳлати шиноснома, дигаре протоколи маъмурӣ тибқи моддаи 479 — барои нофармонӣ ба дархости қонунии корманди милитсия ё дигар шахсоне, ки ба назорати тартиботи ҷамъиятӣ машғул буданд.

Шӯҳрат Қудратов навиштааст, ки ӯро ҷарима дар ҳади аз се то панҷ нишондиҳанда барои ҳисоб ва ё ҳабси маъмурӣ аз панҷ то 15 шабонарӯз интизор аст.

Ӯ гуфтааст ин идомаи ҳамон корҳое аст, ки соли 2014 анҷом ёфта буданд. “Барои он ки соли 2014 тӯҳмат карданд ва ба зиндон фиристоданд ва ҳоло баъди 4 сол боз ҳамон ҳолат такрор мешавад” — навиштааст Қудратов.

Дар охир ӯ наквиштааст “ҳатто баъди озодшавиам (аз зиндон) маро ором намегузоранд. Аз ман чӣ мехоҳанд, нафаҳмидам. Худо довари онҳост”.

Шӯҳрат Қудратов,ки узви фаъоли ҲСДТ буд ва яке аз вакилони ҷасуру ҳақгӯ ба ҳисоб мерафт, соли 2014 бо иттиҳоми қаллобӣ маҳкум ба зиндон шуд. Аммо аксарият қазияи ӯро сиёсӣ медонанд, ки мақомот барои ҳимояаш аз Зюйд Саидов, аз ӯ интиқом гирифтанд.

Матни пурраи навиштаи Шӯҳрат Қудратов, ки бо забони русӣ иншо шудааст, ба шакли зер аст:

Привет всем мои дорогие друзья! Сегодня 18 дней как я вышел на свободу за эти 18 дней сегодня у меня прошел 6 по счету проверка паспортного режима на этот раз сотрудники милиции завели на меня протокол в связи с истечением срока моего паспорта а также протокол административного нарушения по статья 479. Неповиновение законному приказу и требованию сотрудника милиции, или других лиц, осуществляющих обязанности по охране общественного порядка. Меня ждет штраф в размере от трех до пяти показателей для расчетов или административный арест на срок от пяти до пятнадцати суток. Это продолжение того что было в 2014 году, потому что в 2014 году оклеветали и посадили и сейчас после 4 лет происходит тоже самое. Даже после моего освобождения не оставляют меня в покое. Что они хотят от меня я так и не понял. Черт с ними. Бог им судья.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular