Wednesday, March 25, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетБа журналистон дар Тоҷикистон хатари азбайнравӣ таҳдид мекунад

Ба журналистон дар Тоҷикистон хатари азбайнравӣ таҳдид мекунад

Дар ҷаласаи САҲА оид ба андозагирии инсон, ки дар Варшава идома дорад, гуфтугӯ дар мавзӯъи озодии ВАО сурат гирифт. Дар ин нишаст фаъолони тоҷик низ дар бораи вазъи ВАО дар Тоҷикистон сӯҳбат карданд.

Хешовандони рӯзноманигорон чун силоҳи шантажи мақомот

Рӯзноманигори тоҷик Ҳумайро Бахтиёр, ки аз Иттиҳоди байналмиллалии инсонӣ ва ахлоқӣ намояндагӣ мекард, гуфт баъди интихоботи раёсатҷумҳурии соли 2013 дар Тоҷикистон, таъқиби рӯзноманигорон дар кишвар суръат гирифт.

“Ба қисмате аз журналистон мақомот имкони кор кардан дар Тоҷикистонро надоданд ва онҳо маҷбур ба тарки кишвар шуданд. Нафарони зиёде, аз ҷумла худи ман, ҳоло дар Аврупо зиндагӣ мекунанд” — қайд кард Ҳумайро Бахтиёр.

Ӯ хотиррасон кард, ки тибқи табақабандии “Хабарнигорони бидуни марз” дар соли 2014 Тоҷикистон дар мавқеъи 115 қарор дошт, аммо дар як сол кишвар дар табақабандии Озодии сухан 34 зина поён рафт.

“Мешавад мушаххасоти Тоҷикистонро ҳар гуна байн кард. Аз соли 2016 мақолаҳо дар мавзӯъҳои сиёсӣ ва вазъи воқеъии Тоҷикистон вуҷуд надоранд. Фаъолияти ҳудуди даҳ расонаи нашрӣ ва интернетӣ ба хотири нашри мақолаҳои сиёсӣ қатъ шуд” — гуфт ин рӯзноманигори тоҷик.

Ӯ ба САҲА пешниҳод кард аз Тоҷикистон талаб кунад ба истифодаи хешовандони рӯзноманигорон чун силоҳи фишор ба онҳо хотима диҳад. “Мо наметавонистем, чун хешовандонамон таъқиб мешуданд” — таъкид кард Ҳумайро Бахтиёр.

Ҳамчунин ӯ ба САҲА пешниҳод кард аз Тоҷикистон талаби қатъ кардани таъқиби журналистон ба хотири фаъолияти касбиашонро бихоҳад.

Журналистон зери хатар

Рӯзноманигор ва узви Шӯрои идории Анҷумани Озодандешони Тоҷикистон Темур Варқӣ дар бораи шароити зиндагии журналистон дар Тоҷикистон нақл кард.

Ӯ гуфт Маҳмадалӣ Ҳаитови 61 сола бо иттиҳомҳои сохташуда ба ҳабси якумрӣ маҳкум шудааст. Ҳикматулло Сайфулозода, ки 68 сол дорад ба 16 сол, абдуқаҳҳор Двлатови 43 сола ба 28 сол маҳкум гардидаанд. Моҳи августи соли ҷорӣ Ҷунайдулло Худоёров ба хотири навиштаҳояш зидди фасоди идорӣ дар фейсбук бо тӯҳмати узвият дар ҷараёни салафия барои 5 сол равонаи зиндон гардид. Ба наздикӣ бо истифода аз кампини васеъи информатсионӣ муяссар шуд, журналисти тоҷик Хайрулло Мирсаидов, ки барои навиштаҳояш зидди фасоди идорӣ ба 12 соли зиндон маҳкум шуда буд, озод карда шавад.

Темур Варқӣ қайд кард, ки таъқиби журналистон дар хориҷ аз кишвар ҳам идома дорад. Блогнавис Эҳсон Одинаев 19-уми майи соли 2015 дар Санкт Петербург дуздида шуд.

“Мо мехоҳем бидонем, ки ӯ куҷост. Манобеъи ғайрирасмӣ хабар доданд, ки баъди дуздида шуданаш ӯ дар таҳхонаи КДАМ шиканҷа мешуд. Мо мехоҳем бидонем, ки ӯ зинда аст ё дар натиҷаи шиканҷа кушта шуд. Хадамоти махсуси Тоҷикистон қавонини кишварҳои ИДМ, аз ҷумла Русия ва ҳатто Туркияро нодида мегиранд. Ва гурӯҳҳои қотил ба Аврупо барои қатлу одамрабоӣ мефиристанд” — изҳор дошт ӯ.

Ӯ таъкид кард 172 нафар журналист, блогнавис, адвокат, фаъолони маданӣ дар хориҷ ба рӯйхати ифротиву террористон шомил карда шуда буданд.

“Баъди муроҷиати созмони мо ба FATF ва САҲА қисмате аз ин 172 нафар аз рӯйхат берун карла шуданд” — илова кард Варқӣ.     

Вакили дифоъ ва намояндаи Human Rights Vision Foundation Ҷамшед Ёров гуфт дар Тоҷикистон фишори ҳамешагии ҳукумат болои фаъолияти журналистон вуҷуд дорад, назорати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ бар ВАО ташдид шудааст ва аз рӯи фаъолияти интернетии шаҳрвандон назорат бурда мешавад.

Тоҷикистон сойтҳои асосиро масдад кард. Ба хотири амният

Тибқи гуфтаи Ёров Хадамоти алоқаи Тоҷикистон бо баҳонаи амнияти миллӣ ба масдуд кардани веб-сойтҳои мустақил ва шабакаҳои иҷтимоӣ бидуни қарори додгоҳ идома медиҳад. Дастрасӣ ба шабакаҳои машҳури иҷтимоӣ аз қабли Фейсбук ва Ютуб, ва сойтҳои хабарии Asia-Plus Media Group, Payom, BBC, CNN, Фергана.Ру ва ғайра бидуни қарори догоҳ бо ҳадафи поён бурдани фаъолияти сиёсӣ ва иҷтимоии мардум, масдуд карда мешаванд, ҳарчанд расман мақомот масдудкунии ин сойтҳоро тасдиқ намекунанд.

“Таҷрибаи додгоҳии Тоҷикистон нишон медиҳад, ки иттиҳом ба дастгирии фаъолияти террористӣ аз тарафи мақомоти интизомии кишвар алайҳи дигарандешон ва онҳое, ки ба мақомот писанд нестанд, сӯистифода мешавад. Бо баҳонаи мубориза бо терроризму ифротгароӣ, додгоҳ истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоиро барои “лайк”-у “репост”-и мухолифин ба зиндон маҳкум мекунад” — гуфт Ёров.  

Ҷамшед Ёров хотиррасон крад, ки моҳи майи соли 2018 Алиҷон Шарипов, сокини вилояти Хатлон барои “лайк”-у “репост”-и мусоҳибаи раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба 9,5 соли ҳабс маҳкум гардид. Додгоҳи вилояти Хатлон ӯро бо моддаи ҷиноии “Даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯрӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ бо истифода аз воситаҳои ахбори омма ва шабакаи интернет” гунаҳкор донист.

Аммо Темур Варқӣ ба ташкилоти байналмиллалӣ пешниҳод кард ба омодасозии рӯйхати мансабдорони Тоҷикистон, ки ҳуқуқи инсонро нақз мекунанд, журналистонро таъқиб менамоянд ва дастрасӣ ба ВАО-ву шабакаҳои иҷтимоиро маҳдуд мекунанд, оғоз намоянд.

“Мо аз шумо даъват мекунем онҳоеро, ки таъқиб мешаванд ҳимоя ва ҳавои боқимонда барои матбуоти нимбуғишударо ҳимоя кунед, аз мақомоти Тоҷикистон талаб кунед, ки қавонину сарқонуни кишварро риоя кунанд. Аз мақомот даъват кунед дастрасӣ ба ВАО ва шабакаҳои иҷтимоиро таъмин намоянд Мо аз САҲА даъват мекунем ба хотир орад, ки ин созмон кафили сулҳи байни тоҷикон буд, ки 27 июни соли 1997 дар Кремли Маскав ба имзо расид” — қайд кард Варқӣ.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular