Monday, October 20, 2025
ADS
HomeПаём нетАлим Шерзамонов аз ҷомеъаи байналмиллаӣ даъват кард ба изҳороти Раҳмон баҳои ҳуқуқӣ...

Алим Шерзамонов аз ҷомеъаи байналмиллаӣ даъват кард ба изҳороти Раҳмон баҳои ҳуқуқӣ диҳанд

Алим Шерзамонов, дабири Анҷумани озодандешони Тоҷикистон аз ҷомеъаи байналмиллаӣ даъват кард ба амри раисҷумҳури Тоҷикистон мабнӣ бар бартараф кардани ҷинояткорӣ дар Хоруғ бо истифода аз нерӯҳои низомӣ баҳоӣ ҳуқуқӣ диҳанд.

Шерзамонов гуфт Эмомалӣ Раҳмон бо ҷинояткор номидани мардуми Бадахшон амр кард, ки дар мӯҳлати якмоҳа бо ҷинояткорӣ дар Бадахшон хотима дода шавад, ҳатто агар барои ин кор истифода аз нерӯи низомӣ лозим ояд.

“Мо дар остонаи як хушунат дар минтақа қарор дорем — гуфт Шерзамонов ва илова кард —  ин изҳороти раҳбари давлат нақзи ҷиддии сарқонуни кишвар ва ҳуқуқи байналмилал аст.”

Шерзамонов гуфт “чунин изҳороти раҳбари давлате, ки оромиаш хатарзо аст, ҳади ақал бемасъулиятӣ аст, агар нагӯем ҷиноист. Як моҳ қабл раисҷумҳури Тоҷикистон мазҳаби шиъаро дар Тоҷикистон ғайриқонунӣ эълон кард. Ин аввалин изҳороти раҳбари давлат нест, ки ихтилофи қавмӣ ва мазҳабӣ меандозад.”

Дар охир Шерзамонов аз ҷомеъаи байналмиллаӣ даъват кард ба ин изҳороти  раисҷумҳури Тоҷикистон баҳои ҳуқуқӣ ва сиёсӣ диҳанд.

Гуфтанист, ки Эмомалӣ Раҳмон зимни вохӯриаш бо мардуми Бадахшон, аз мақомоти амниятиву низомӣ даъват кард давмои як моҳ “ба ҷинояткори дар Хоруғ” хотима диҳанд. Ӯ гуфт воҳидҳои низомие, ки ҳамроҳи расиҷумҳур ба Бадахшон рафтаанд, бояд то тамом шудани ин амалиёт онҷо бимонанд.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?