Wednesday, March 25, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетШӯҳрати Раҳматулло дар бораи таъқиби занони сатрпӯш ва хонаводаи мухолифин (2 навор)

Шӯҳрати Раҳматулло дар бораи таъқиби занони сатрпӯш ва хонаводаи мухолифин (2 навор)

Шӯҳрати Раҳматулло, хабарнигори Паём, ки дар нишасти САҲА ҳузур дорад, дар баромади худ аз вазъи нигаронкунандаи занони сатрпӯш ва хонаводаҳои мухолифин гуфт.

Ӯ бо мисол овардан аз хонаводаи худаш ва қазияе, ки ба сари хоҳараш омадааст, вазъро ба ҳозирин шарҳ дод ва аз кишварҳои демократӣ ва созмонҳои байналмиллалӣ хост ба Тоҷикистон иҷоза надиҳанд ба таъқиби шадиди занони сатрпӯш ва хонаводаи мухолифин идома диҳад.

Шӯҳрати Раҳматулло гуфт, ман журналист ҳастам ва аз тарафи мақомоти Тоҷикистон таъқиб мешавам. Падарам бидуни ҳеҷ гуноҳе барои 28 сол паси панҷараҳои зиндон фиристода шудааст, вале ман мехоҳам дар бораи модар ва хоҳаронам сӯҳбат кунам, то овардани як намуна ба шумо вазъи занон ва хонаводаҳои мухолифинро шарҳ диҳам.

Ӯ гуфт моҳе ва ҳатто ҳафтае нест, ки мақомот модар ё хоҳари маро барои пурсиш даъват накунанд. “Пас аз ҳар пости ман, пас аз ҳар баромадам, модарам аз тарафи кормандони КДАМ ё ВКД мавриди пурсиш қарор мегирад. Ӯ акнун бемор аст ва қалбаш мушкил дорад” — гуфт журналисти “Паём”.

Шӯҳрат дар бораи хоҳараш нақл кард, ки вақте худаш ба кор дар Паём оғоз кард, мақомот шавҳари хоҳарашро маҷбур карданд ӯро бо ду кғдаки маъюб талоқ диҳад.  “Албатта бовар кардани шумо ба ин мушкил аст. Вале дар Тоҷикистон чунин корҳое ҳам рух медиҳанд. Онҳо ба шавҳараш гуфтанд, ки агар аз хоҳарам ҷудо нашавад, худашро зиндон мекунанд” — қисса кард ӯ.

Шӯҳрат дар идома гуфт писари хоҳараш бемор аст, аммо табибони тоҷик аз ӯҳдаи табобати ӯ набаромаданд, вале мақомот иҷоза намедиҳанд ба хориҷ бурда шавад. Ҳамчунин хоҳараш наметавонад кӯмаки давлатро, ки барои кӯдакони маъюб пешбинӣ шудааст дарёфт кунад. Танҳо ба ин хотир, ки духтари Раҳматуллоҳи Раҷаб ва хоҳари Шӯҳрати Раҳматулло аст.

Ӯ гуфт, чанд рӯз қабл хоҳараш барои гирифтани кӯмак ба шӯъбаи таъмини иҷтимоии ҳукумати шаҳр меравад, на танҳо кӯмаке барояш намедиҳанд, балки ҳангоми берун шуданаш аз онҷо, пулис боздошташ мекунад. Барои сатре, ки дар сараш доштааст.

Шӯҳрат қисмате аз сабти садоии бархӯрди пулис бо хоҳарашро пахш кард, ки дар он кормандони пулис ба ӯ таҳдид мекунанд фарзандонашро гирифта, худашро назди падараш мефиристанд.

Хабарнигори “Паём” ҳамчунин гуфт, заноне, ки барои сатрашон аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон таъқиб мешаванд, даҳҳо ҳазор нафаранд. Онҳое, ки хотири хешовандони мухолифашон таъқибу шиканҷа мешаванд, садҳо нафар.

Ӯ гуфт баъди нашри сабти садо мақомот хоҳарашро зери таъқиби бештаре қарор хоҳанд дод ва ҳатто имкон дорад боздошташ кунанд. Ва аз созмонҳои байналмиллалӣ ва кишварҳои емократӣ хост ба қазияи хоҳараш ва дигар занони асир дар дасти режим расидагӣ кунанд.

Навори баромади Шӯҳрати Раҳматулло ба зудӣ нашр мешавад.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular