Раисҷумҳури Туркия эълон кард, ки алорағми таҳримҳои Амрико алайҳи Теҳрон, кишвараш хариди газ аз Эронро идома хоҳад дод.
Раҷаб Таййиб Урдуғон, раисҷумҳури Туркия, ки дар ҳошияи ҳафтодусевумин нишасти маҷмаъи умумии Созмон милал дар Ню Йорк бо хабаргузории Рейтерз мусоҳиба мекард, гуфт: алорағми таҳримҳои Иёлот муттаҳида алайҳи Теҳрон, Туркия ба хариди гази табиӣ аз Эрон идома хоҳад дод.
Амрико алайҳи Эрон таҳримҳои густардае ҷорӣ ва хариди нафту гази ин кишварро таҳрим кардааст. Кишварҳо ё ширкатҳое, ки алайҳи ин таҳрим кор мегиранд, имкон дорад худашон гирифтори таҳримҳои ИМА гарданд.
Урдуғон дар бораи кашиши амрикоӣ Эндрю Баронсон низ гуфт: тасмим дар бораи вай на бар ӯҳдаи сиёсатмадорон, балки додгоҳи Туркия аст. Ин масъала додгоҳӣ аст.
“Баронсон ба далели иттиҳомоти террористӣ дар боздошт ба сар мебарад. Қарор аст 12 октябр як ҷаласаи дигар баргузор шавад. Мо намедонем, ки додгоҳ чӣ тасмим мегирад. Сиёсатмадорон наметавонанд дар бораи ҳукми содира дахолат кунанд. Ман ҳаққе барои судури фармони озодӣ ё афви вай надорам ва системи қазоии мо мустақил аст».
Бинобар боздошти ин кашиш, Амрико алайҳи Туркия ҳам баъзе таҳримҳо ҷорӣ кардааст, ки моҳи гузашта боиси бо шиддат поён рафтани қурби пули миллии Туркия гашт.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

