Thursday, March 26, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетОё талаби СММ мабнӣ ба озодии Ҳаит, Саидов ва Ёров иҷро хоҳад...

Оё талаби СММ мабнӣ ба озодии Ҳаит, Саидов ва Ёров иҷро хоҳад шуд?

   Шаш моҳ пеш Созмони Милал ба ҳукумати Тоҷикистон муҳлат дод, ки Маҳмадалӣ Ҳаит муовини раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) — ро бидуни қайду шарт озод намояд. Ин муҳлат дар пайи хулосаи Гурӯҳи кории Созмони Милал оид ба боздоштҳои худсарона садо дод. Дар хулосаи гурӯҳи корӣ аз ҷумла омадааст: “Вакилони ӯро аз тамоми иттиҳомот огаҳ накардаанд, ба вакилонаш барои таҳқиқи парванда фақат ду ҳафта мӯҳлат додаанд, ба Маҳмадалӣ Ҳаитов, иҷоза надодаанд, ки худаш шоҳидонро ба муҳокима даъват кунад, ӯро зимни боздошт ва бозпурсӣ латукӯб кардаанд, матбуоти давлатӣ қабл аз судури ҳукм ба гунаҳкор будани ӯ таъкид кардааст, ӯро ба додгоҳ бо завлона овардаанд”. Тақрибан ҳамон қонуншикниҳое, ки ҳангоми боздошт ва муҳокимаи ҳамаи зиндониёни сиёсӣ ва ҳатто ғайри сиёсӣ роҳ дода мешавад.  

   17 – сентябри соли ҷорӣ ҳам, дар 39- умин нишасти Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милал, Мишел Бачелет, комиссари олии ҳуқуқи башари ин созмон ҳукумати Тоҷикистонро барои нақзи ҳуқуқи инсон ва таъқиби фаъолони сиёсӣ мавриди танқид қарор дода, махсусан аз масъалаи М.Ҳаит ва хулосаи Гурӯҳи корӣ ёдовар шуд. Ӯ гуфт: ” Чаҳор моҳ пештар аз ин дар моҳи майи имсол як гурӯҳи кории Созмони Милал, ки парвандаҳои боздоштҳои худсарона дар кишварҳои ҷаҳонро таҳқиқ мекунад, ба ин хулоса расид, ки боздошти Маҳмадалӣ Ҳаит, як узви раёсати Ҳизби наҳзати исломӣ ғайриқонунӣ буд ва аз ин рӯ, ӯ бояд озод карда шавад.”

  Аммо моҳи октябри соли ҷорӣ, 180 рӯз муҳлате, ки Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Милал дар робита ба озод кардани Зайд Саидов, тоҷири муваффақи тоҷик ба ҳукумати Тоҷикистон дода буд, сипарӣ шуд, вале Зайд ҳанӯз дар зиндон аст. Дар хулосаи Кумита аз ҷумла чунин омадааст: “Ҳуқуқи Зайд Саидов ба озодии гирдиҳамоӣ ва таъсиси ҳизби сиёсӣ, ҳаққи ӯ ба тафтиши бидуни мамониат ва муҳокимаи одилонаи парвандаашро зери по кардааст.”

  Ҳафтаи қабл ҳам парвандаи Бузургмеҳр Ёров ба Созмони Милал рафт ва бешубҳа Гурӯҳи корӣ ба ҳамон хулосае хоҳанд омад, ки дар таҳқиқи парвандаи М.Ҳаит ва Заёд Саидов ба он расиданд. Кейт Барт, мудири Freedom Now — яке аз созмонҳои ҳуқуқие, ки парвандаи Б.Ёровро ба Гуруҳи корӣ супурдаанд, бар ин назар аст, ки: “Ҳабси ӯ нақзи ҳуқуқи аслии ӯ ва намунаи хеле изтироббарангези беэҳтиромии Тоҷикистон ба ҳукми қонун аст.” Ҳамзамон бо расонаӣ шудани рафтани парвандаи Б.Ёров ба Созмони Милал, Иттиҳодияи Аврупо ҳам рӯзи 26-уми октябр тайи баёнияе аз “Ҳабсҳои тӯлонии мухолифини сиёсӣ, таъқиби аъзои хонаводаи онҳо ва вакилоне, ки аз ҳаққашон дифоъ мекунанд”, изҳори нигаронӣ карда, аз ҳукумати Тоҷикистон даъват карданд, ки парвандаи Б.Ёровро бознигарӣ кунад. Айнан ҳамин талабро як рӯз қабл Эмилия Пума муовини ёвари котиби давлатии Амрико, зимни мулоқотоаш бо мақомоти Тоқикистон, карда буд.

   Бо таваҷҷӯҳ ба гуфтаҳои боло ба чунин хулоса метавон расид, ки Созмони Милал ва дигар созмонҳои байналмилалии ҳуқуқи башар ба хулосаи ягона расидаанд, ки парвандаи М.Ҳаит, З.Саидов ва Б.Ёров:

  1. Сиёсӣ буда, онҳо зиндониёнӣ сиёсӣ ҳастанд;
  2. Ҳангоми баздошт ҳуқуқи онҳо риоят нашудааст;
  3. Муҳокимаи онҳо ноодилона гузаштааст;
  4. Нисбати ҳуққуқ ва озодиҳои сиёсиву шаҳрвандии инсон беэҳтиромӣ шудааст;
  5. Ҳарчӣ зудтар бояд озод ва ё ҳадди ақал парванди онҳо бо риояти меъёрҳои қонунӣ, бозбинӣ шавад.

  Ҳоло бо ин вазъият ва иттифоқи назаре, ки миёни созмонҳои байналмилалии ҳуқуқи башар дар робита ба парвандаҳои пурсарусадо ба вуҷуд омадааст, вокуниши ҳукумати Тоҷикистон то ҳол чигуна будааст? Ва дар сурати саркашии ҳукумат ва тан надодан ба дархостҳои мукаррари ин созмонҳо ва кишварҳо, чӣ паёмаде метавонад барои мақомоти тоҷик дошта бошад?

  Замоне, ки талаби Созмони Милал дар масъалаи Зайд Саидов расонаӣ шуд, Рустами Шоҳмурод, вазири адлия гуфта буд, ки Зайд Саидов танҳо дар сурати шомил шудан ба қонуни афв ва ё бахшида шудан аз тарафи президент озод хоҳад шуд. Сардори раёсати муносибатҳои байналмилалии ҳамин вазорат Асадулло Ҳакимов ҳам гуфт, ки талаби Созмони Милал тавсиявист. Дар мавриди озод шудани бархе аз зиндониёни сиёсӣ ҳам сарусадоҳое пайдо шуд. Аммо то ҳол мақомот дар мавриди М.Ҳаит хомӯшанд ва то ҳанӯз вокуниши хоссе ҳам дар робита ба рафтани парвандаи Б.Ёров ба Созмони Милал аз сӯи мақомоти тоҷик шунида нашудааст.

   Вале дар канори ин хомӯшиҳо, хабарҳое ҳам расид, ки ҳукумат дар ҳақиқат аз чунин ранг гирифтани масъала нигарон аст. Ва аммо мехоҳад ин вазъиятро ба нафъи худ рақам занад. Ба ҳамин хотир бархе аз зиндониёни сиёсиро маҷбур ба эътирофи ҷинояти нокарда, пушаймонӣ ва ҳамзамон талаби бахшиш аз раиси ҷумҳур кардаанд.

  Аммо ба назари коршиносон, мушкил аст бовар кард, ки шахсиятҳое мисли Маҳмадалӣ Ҳаит, Зайд Саидов ва Бузургмеҳр Ёров, ки тамоми зиндагии худро сарфи хидмати софдилона ба мардум ва мубориза алайҳи қонуншиканию беадолатӣ кардаанд, тан ба эътирофи ҷинояти нокарда диҳанд ва ё аз раиси ҷумҳур, ки худ сабабгори асосии ин ҳама қонуншиканиҳост, талаби бахшиш кунанд.

   Ба ҳар ҳол, ҳукумати Тоҷикистон танҳо ду роҳ дорад: ё даст аз нақзи ҳуқуқҳои инсонӣ, шаҳрвандӣ ва сиёсии шаҳрвандони Тоҷикистон бардошта ба талаботи созмони Милал ва дигар созмонҳои ҳуқуқи башар тан дода зиндониёни сиёсӣ аз ҷумла М.Ҳаит, З.Саидов, Б.Ёров ва дигаронро озод мекунанд ва ё мунтазири иқдомҳои баъдӣ ва амалии Созмони Милал ва дигар созмонҳои ҳуқуқи башар нишаста худ ва кишварро дар инзивои байналмилалии бештар қарор хоҳанд дод.

 

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular