Thursday, March 26, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетТуркия будубоши бидуни виза барои тоҷикистониёнро 90 рӯз кард

Туркия будубоши бидуни виза барои тоҷикистониёнро 90 рӯз кард

Минбаъд шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд бидуни виза дар Туркия то 90 рӯз боқӣ монанд. Қаблан тоҷикистониён ҳақи мондани то 30 рӯзро доштанд.

Тибқи фармони раисҷумҳури Туркия, ки дирӯз имзо шудааст шаҳрвандони се кишвари осиёимиёнагӣ — Тоҷикистон, Қазоқистон ва Ӯзбекистон ва кишвари арабии Либиё ҳақи будубоши семоҳа дар Туркияро пайдо карданд.

90 рӯз дохили 180 рӯз аст. Яъне дар шаш моҳ шаҳрвандони мазкур, новобаста аз шумори сафарҳояшон ҳақи будубоши 90 рӯзаро доранд. Бо пурра шудани ин рақам, то гузаштани 180 рӯз аз аввалин рӯзи вуруд ба Туркия, дигар ҳақи вуруд ба ин кишварро надоранд.

Қаблан шаҳрвандони ин се кишвар ҳақи будубоши якмоҳа доштанд, аммо метавонистанд бо хориҷ ва аз нав ворид шудан, ҳатто дар як рӯз, бидуни ҳеҷ монеъа дар Туркия бошанд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular