Thursday, March 26, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетКумитаи аврупоии иқтисодии СММ ба Барномаи рушди миллии Тоҷикистон кӯмак хоҳад кард

Кумитаи аврупоии иқтисодии СММ ба Барномаи рушди миллии Тоҷикистон кӯмак хоҳад кард

Дар вохӯрии вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддинзода бо котиби иҷроияи Кумитаи  аврупоии иқтисодии СММ Олга Алгараева, Муҳриддинзода аз ин кумита дархост кард дар барномаҳои иқтисодии Тоҷикистон кӯмак кунад.

Дар рафти мулоқот вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ба Котиби иҷроия оид ба авлавиятҳои Тоҷикистон дар ҳамкориҳо бо  Комиссия маълумот дода шуд. Тоҷикистон интизор дорад Комиссия дар татбиқи Стратегияи миллии рушд ба Ҳукумати Тоҷикистон кумаку мусоидати худро фароҳам меоварад. Аз Комиссия даъват ба амал оварда шуд, то барои татбиқи лоиҳаҳои кишвар дар соҳаи рушди савдо, мудирияти захираҳои об ва ҳифзи муҳити зист иштирок варзад.

“Бо назардошти он ки, Тоҷикистон ахиран барои ташфиқи истеҳсол ва истифодаи бештари энергетикаи «сабз» иқдоми тоза гирифтааст, дастгирии ташаббуси зикршуда ба Комиссия пешниҳод гашт” — хабар медиҳад маркази матбуотии ВКХ.

Котиби иҷроияи КАИ СММ аз ҳамкориҳо бо Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ карда, аз талошҳои кишвар дар татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор иҳори қаноатмандӣ  намуд. Алгараева итминон дод, ки Комиссия дар татбиқи иқдомҳои Тоҷикистон марбут ба рафъи банду басти коммуникатсионӣ, амнияти озуқаворӣ, рушди савдою соҳаи энергетика дастгирии худро таъмин мекунад.

Дар интиҳои мулоқот ҷонибҳо ба тавофуқ омаданд, ки ниҳодҳои марбутаи Тоҷикистон пешниҳодҳои худро ҷиҳати татбиқи муштарак ироа хоҳанд кард.

 

 

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular