Ҳазорон муҳоҷир дар соли 2018 дар роҳи расидан ба шароити зиндагии беҳтар ҷони худро аз даст доданд.
Шароити номусоиди иқтисодӣ, тағйироти иқлимӣ ва балоҳои табиӣ ва бар замми ин фишорҳои сиёсӣ, хушунат ва даргирӣ дар соли 2018 боиси оворагии садҳо ҳазор нафар ва марги 4 ҳазор у 476 тан дар роҳи талош барои муҳоҷират шудааст.
Илова бар суриҳо, ки дар садри феҳристи оворагони имсол қарор доранд, муҳоҷирини Амрикои ҷанубӣ ва марказӣ, ки ба далели фишори сиёсӣ ва шароити бади иқтисодӣ кишварашонро тарк кардаанд ҳамроҳ бо яманиҳо дар радаҳои дувуму севум ҳузур доранд.
Созмони байналмиллалии муҳоҷират даргирӣ ва шароити иқтисодиро муҳимтарин далоили муҳоҷират дар соли 2018 унвон карда ва аз афзоиши 30 дарсадии оворагӣ ба далели даргирӣ ва хушунат ва коҳиши 27 дарсадии муҳоҷират аз масири баҳри Миёназамин хабар додааст.
Аз сӯи дигар, дар соли ҷорӣ 135 ҳазору 607 нафар ба Аврупо муҳоҷират кардаанд. Аз ин миён 111 ҳазору 237 нафар аз роҳи баҳрӣ ва 24 ҳазору 370 нафар аз роҳи заминӣ вориди қораи Аврупо шудаанд. Аз ин миён 750 тоҷикистонӣ дар 45 кишвари Аврупо ва Иёлоти муттаҳидаи Амрико паноҳгоҳи сиёсӣ пурсидаанд.
Тоҷикистониён ба Олмон — 290 нафар, Фаронса — 45, Лаҳистон — 45, Суид (Шветсия) — 34, ИМА — 37 нафар фирор кардаанд.
Маргумир байни гурезагони тоҷик бинобар танҳо бо роҳи заминиву ҳавоӣ сафар кардани онҳо бисёр кам ба қайд гирифта шудааст, вале нафарони зиёде зимни азобҳои роҳ, аз ҷумла сардиҳо саломатии худро аз даст додаанд.
Оворагони аз кишварҳои Сурия, Афғонистон, Покистон, Ироқ, Конго, Марокаш, Малӣ, Тунис ва Эритрея, ки аз манотиқи даргирӣ ба мақосиди аврупоӣ ҳамчун Италия٬ Испания٬ Юнон ва Булғория муҳоҷират кардаанд барои зинда мондан талош мекунанд.
Бар асоси омори гумрук ва амнияти марзии Иёлоти муттаҳидаи Амрико, дар соли 2018 ҳудуди 396 ҳазор нафар аз роҳҳои ғайриқонунӣ вориди ин кишвар шудаанд. Афзун бар ин, наздик ба 125 ҳазор тани дигар аз кишварҳои Амрикои марказӣ ва ҷанубӣ дар марзҳои Иёлоти муттаҳида дархости паноҳндагӣ карда, вале аз вуруди онҳо мамонаъат шудааст.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

