Дар 3 шаҳри дигари Ироқ пас аз Бағдод муқаррароти манъи рафту омад эълом шуд.
Мақомоти Ироқ пас аз Бағдод дар устонҳои Зи Қор, Мисон ва Бобил барқарории мамнуъияти рафту омадро эълом карданд.
Аммо дар устонҳои Басра, Девония, Карбало, Восит ва Киркук, ки тазоҳурот дар ин устонҳо идома дорад муқаррароти манъи рафту омад эълом нашудааст.
Одил Абдулмаҳдӣ, нахуствазир Ироқ тайи иттилоияе эълом кард, ки ба думболи вуқӯъ ҳамалот ба нерӯҳои амниятӣ, амокини давлатӣ ва шахсӣ ва бо ҳадафи ҳифозат аз низоми умумӣ ва амнияти дохилӣ дар Бағдод дастури барқарории муқаррароти манъи рафту омадро содир кардааст.
Вай тасреҳ кард, ки нерӯҳои амниятии Ироқ барои ҳолатҳои изтирорӣ ва ба мусофирони хутути ҳавоӣ ва ифродӣ, ки хоҳони ширкат дар барномаҳои Арбаъин Ҳусайнӣ ҳастанд иҷоза убур ва мурур хоҳанд дод.
Аҳмад Халаф, яке аз масъулони идораи полиси Бағдод дар гуфтугӯ бо хабарнигори Анотулӣ дар ин замина гуфтааст: Аз соати 05.00 субҳи имрӯз то замони судури дастури ҷадид муқаррароти манъи рафту омад барқарор аст.
Ӯ зимни таъкид бар он ки ин муқаррарот ба дастури Одил Абдулмаҳдӣ ҷиҳати контроли хушунат ва иқдомоти мӯътаризон барқарор шуда, тасреҳ кард, ки мӯътаризон ҳамчунон дар хиёбонҳои шаҳр ҳузур доранд.
Ба гуфтаи ӯ худравҳои зиреҳии артиши Ироқ низ дар вуруди минтақаи сабзи Бағдод мустақар шуда ва омодагии муқобила бо иқдомоти мӯътаризонро доранд.
Устонҳои Ироқ дирӯз аз ҷумла марокизи устонҳои Зи, Қор, Майсон, Ал-қодсия, Восит, Бобил, Наҷаф, Карбало, Басра, Ал-Амуснӣ, Даёла ва Қиркук шоҳиди баргузории тазоҳурот дар эътироз ба вазъияти номуносиби хадамоти умумӣ, набуди фурсатҳои шуғлӣ ва фасоди идорӣ буданд.
Гуфтанист дар тазоҳурот ва эътирозоти хиёбонӣ, ки дар Ироқ аз аввали октябр оғоз шуд то кунун 12 нафар кушта шудаанд.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

