Қисмате аз Роҳи бузурги абрешим, ки тариқи Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Қирғизистон мегузарад, дар рутбабандии ҳамасолаи беҳтарин макон барои саёҳат Lonely Planet сазовори зинаи аввал дар бахши минтақаҳо дониста шудааст. Ҳамон қисмате, ки беҳтарин макон дониста шудааст, воқеъ дар Тоҷикисон аст.
Дар гузориши Lonely Planet қайд шудааст, ки “ин минтақа беш аз пеш мавриди таваҷҷуҳи сайёҳон қарор мегирад ва ба кишварҳое, ки ин қисмати роҳ онҳоро убур мекунад, метавон бо раводиди электронӣ ё умуман бе раводид ворид шуд”.
Рутбабандӣ ба чор рада тақсим шудааст – 10 кишвар, 10 минтақа, 10 шаҳр ва 10 пешниҳоди муфидтарин.
Коршиносони Lonely Planet ҳар кадом аз самтҳои ба рутбабандӣ шомилшударо бар асоси омилҳои ҷолиб будани мавзеъ ва таассуроти нодир бардоштани сайёҳон аз ин макон баҳогузорӣ кардаанд.
Дар радаи минтақаҳо қисмате аз Роҳи бузурги абрешим, ки тариқи Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Қирғизистон мегузарад, ба зинаи аввал муносиб дониста шудааст.
Мақоми аввалро дар радаи кишварҳо Шоҳигарии Бутан ҷои аввалро ишғол кардааст. Ба даҳгонаи 2020 ҳамчунин Англия, Македонияи Шимолӣ, Аруба, Эсватини, Коста-Рика, Нидерланд, Либерия, Марокаш ва Уругвай шомиланд.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

