Wednesday, March 4, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетАБӮНАСРИ ФОРОБӢ

АБӮНАСРИ ФОРОБӢ

Асрори вуҷуд хому нопухта бимонд,

В-он гавҳари бас шариф носуфта бимонд.

Ҳар кас ба далели ақл чизе гуфтаст,

Он нукта, ки асл буд, ногуфта бимонд.

Абӯнасри Форобиро дар замони худаш он қадар аҳли улум дар эҳтиром қоил буданд, ки Арастуи Шарқ мехонданд. Форобӣ дар шарқ аввалин нафаре буд, ки осори файласуфони Юнони Қадимро омӯхта, афкори худро бобаташон  нигошта ва асарҳои фалсафии болотар аз онҳоро иншо ҳам кардааст. Дар улуми фалсафа, риёзиёт, мусиқа, тиббиёт ва дигар илмҳои замони худ нафари мукаммале ҳам буд, ки ба ин унвони баланд, яъне Арастуи Шарқ муносиб донистанд. Ҳамаи осорашро бо забони илми он замон, яъне арабӣ таълиф намуд ва осораш маъруфияти ҷаҳонӣ ҳам дошту дорад. Мардуми Юнон ӯро бо забони худ Алпарабиус мегуфтанд.
Абўнаср  Муҳаммад ибни Тархон Форобӣ соли 873 дар Фороб ба дунё омадааст. Олими энсиклопедист ва файласуфи Шарқи Наздику Миёна ба ҳисоб меравад. Форобӣ дониши ибтидоиро дар зодгоҳаш деҳаи қадимаи Фороб  гирифта, сипас барои такмили илм ба Бухоро ва Бағдод сафар кард. Илми фалсафаро дар назди донишмандони давр Абўбишри Матто ва Юҳанно ибни Хайлон омўхт. Пас аз хатми таҳсил ба як қатор шаҳру мамлакатҳои дигари араб, аз қабили Димишқ, Ҳалаб,  Ҳеррон, Миср ва ғайра сафар карда, бо комёбиҳои илмию фалсафии ин шаҳру кишварҳо шинос шуд. Чун олими забардаст ва муаллими сонӣ (пас аз Арасту) шўҳрат ёфт.
Маҳз дар ҳамин  давр ў асарҳои файласуфони машҳури Юнони Қадим-  Демокрит, Афлотун, Арасту, Буқрот (Гиппократ), Афлутин  (Платон), Фарфириус (Порфирий) Уқлидус (Евклид), Батлимус (Птоломей) ва дигаронро мутолиа намуда, аксарияти онҳоро тафсир кард. Охирҳои умраш дар Димишк ва Ҳалаб ҳаёташро пайи таълиф  гузаронид.
Бино ба маълумоти муҳаққиқон  Форобӣ зиёда аз 160 асар таълиф намудааст. Як қисми  асарҳояш ба шарҳу тафсири таълифоти фалсафии файласуфони давраи атиқа мансубанд. Масалан, ў ба «Метафизика», «Этика», «Риторика», «Софистика»- и  Арасту шарҳ навишта, зимни тафсири масъалаҳои фалсафӣ назари худро низ баён намудааст.
Асарҳои Форобиро маъмулан ба чанд гурўҳ ҷудо мекунанд. Гурўҳи  умдаи асарҳои мутафаккир («Калом фил-ақл-ил-кабир», «Китоб фил-ақл-ис-сағир», «Китоб-ул-мухтасар-ил кабир фил-мантиқ», «Китоб-ул-бурҳон», «Рисола фи моҳият-ин- нафс», «Калом фил-ҷавҳар» , «Уюн-ул-масоил» ва ғайраҳо) ба масъалаҳои мантиқу фалсафа оиданд. Дар як  қатор асарҳои ў («Китоб фи усули илм-ит-табиа», «Китоб ул-мадхал фил-ҳисоб», «Мақола фи вуҷуд саноат-ил-кимиё вар-радд-ало мубтилиҳо») масъалаҳои табиию илмӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд. Дар таълимоти фалсафии Форобӣ ақидаҳои эстетикӣ мавқеи хос доранд. Зимни баёни ақидаҳои иҷтимоию сиёсиаш мутаффакир ба категорияҳои муҳими эстетикӣ аҳамият додаст. Файласуф дар рисолаи «Китоб-ут-танбеҳ ало сабили-с-саодат» бахтро дараҷаи камолоти инсонӣ медонад, ки ҳар фард барои ба он расидан бояд кўшиш кунад.

Форобӣ дар анвоъи улум беҳамто буд, чунонки дар бораи ҳар илме аз улуми замони хеш китоб навиштааст. Аз китобҳои вай маълум мешавад, ки дар улуми забон, риёзиёт, кимиё, ҳайъат, улуми низомӣ, мусиқӣ, табииёт, илоҳиёт, улуми маданӣ, фиқҳ, мантиқ ва фалсафа дорои маҳорати бисёр будааст.

Дуруст аст, ки Кендӣ ба унвони нахустин файласуфи исломие шинохта мешавад, ки роҳро барои дигарон пас аз худ кушуд, аммо ӯ натавонист як мактаби фалсафӣ таъсис карда ва миёни масоиле, ки мавриди баҳс қарор додааст, ваҳдате эҷод кунад. Дар сурате ки Форобӣ тавонист як мактаби комили фалсафиеро бунён ниҳад. Ибни Сино Форобиро устоди худ мешумурд ва Ибни Рушд ва дигар ҳукамои исломӣ барояш эҳтироми болое қоил буданд. Дар суннати фалсафаи исломӣ, Форобиро баъд аз Арасту — ки мулаққаб ба «Муаллими Аввал» буд — «Муаллими Сонӣ» лақаб додаанд.

Инак, ба таваҷҷӯҳатон осори гаронмояи илмии ӯро зикр мекунам. 

Мо янбағӣ ан таълама қаблал-фалсафа» (Он чӣ шоиста аст, қабл аз фалсафа фаро бигирӣ). Дар ин китоб Форобӣ мантиқ, ҳандаса, ахлоқи некӯ ва канорагирӣ аз шаҳавотро пешниёзи пардохтан ба фалсафа зикр мекунад ва дар бораи ҳар як матолибе баён менамояд.

«Ассиёсатул-мадания» (Кишвардорӣ). Ин китоб дар бораи иқтисоди сиёсӣ аст.

«Алҷамъ байна раъйяил-ҳакимайн Афлотунил-илоҳӣ ва Арастутолис» (Ҷамъ байни орои ду ҳакими бузург Афлотуни илоҳӣ ва Арасту). Форобӣ дар ин китоб мекӯшад байни назариёти Афлотун ва Арасту ҳамоҳангӣ барқарор созад.

«Рисолатун фи моҳиятил-ақл» (Рисолае дар бораи моҳият ва чистии ақл). Дар ин рисола ақсоми ақлро таъриф ва маротиби онҳоро баён мекунад.

«Таҳсилус-саъода» (Роҳи ба даст овардани саодат). Дар ахлоқ ва фалсафаи назарӣ.

«Аҷвиба ъан масоила фалсафия» (Посухҳое ба масоили фалсафӣ). Посухҳое аст ба бархе пурсишҳо ва масоили фалсафӣ.

«Рисолатун фи исботил-муфориқот» (Рисолае дар исботи вуҷуди мавҷудоти ғайри моддӣ). Дар ин рисола, Форобӣ дар бораи мавҷудоти ғайри моддӣ баҳс мекунад.

«Ағрозу Арастутолис фи китоби мобаъдуттабиа» (Мақосиди Арасту дар китоби Метафизик). Ин китоб яке аз муҳимтарин китобҳои Форобӣ аст, ки мавриди истифодаи Ибни Сино ҳам қарор гирифт.

«Рисолатун фис-сиёса» (Рисолае дар сиёсат). Форобӣ дар ин рисола бораи сиёсат сӯҳбат мекунад.

«Фусулул-ҳикам» (Ҷудокунандаҳои ҳикмат). Ин китоб дар мавриди ҳикмати илоҳӣ ва шомили 74 баҳс дар ин замина ва мабоҳиси нафс мебошад.

Соима Саидӣ

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular