Tuesday, December 2, 2025
Место для Реклама!
HomeПаём нет25 шаҳрванди Узбекистон аз ғуломӣ озод шуданд

25 шаҳрванди Узбекистон аз ғуломӣ озод шуданд

Вазорати умури хориҷии Узбекистон мегӯяд, 25 шаҳрванди ин кишвар аз асорати ғуломӣ дар вилояти Астрахани Русия наҷот дода шуданд. Муҳоҷирон бо кумаки консулгарии Узбекистон тавонистаанд ҳуҷҷатҳои худро аз соҳибкори маҳаллӣ бозпас гирифта, маошашонро низ дарёфт кунанд.

Ба огаҳии вазорат, консули Узбекистон Хоҷабахлил Асамов ва раиси ҷамъияти узбекон Баҳодур Аминов 24 октябр ба ноҳияи Харабалини Астрахан рафта, бо 25 муҳоҷире мулоқот карданд, ки корфармо шиносномаҳои онҳоро мусодира ва аз додани маошашон худдорӣ мекард.

“Дар натиҷаи гуфтугӯҳо ҳуҷҷатҳои шаҳрвандони Узбекистон баргардонида шуда, ҳамчунин маошашон пардохт гаштааст. Ҳамаи муҳоҷирон ба ватан фиристода шуданд”, – афзудааст вазорат.

Намояндагони консулгарии Узбекистон ҳамчунин аз Маркази нигаҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ дар вилояти Астрахан низ боздид кардаанд, ки дар он 50 шаҳрванди ин кишвар барои будубоши ғайриқонунӣ дар Русия нигаҳдорӣ мешаванд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?