Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ додраси додгоҳи ноҳияи Синои пойтахтро аснои порагирӣ боздошт кардааст.
Тибқи иттилои маркази матбуотии ин ниҳод, рӯзи 17-уми октябр шаҳрванд “А” ба Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ муроҷиат кардааст, ки нисбат ба додрасии додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Раҳмонализода Рухшона Раҳмоналӣ чораҳои қонунӣ андешида шавад.
Номбурда барои ба манфиати ӯ ҳалли баҳси гражданӣ аз рӯйи даъвои шаҳрванд “Б” вобаста ба манзили истиқоматӣ 13-уми марти соли ҷорӣ 2000 доллари ИМА талаб карда гирифта, айни замон боз ҳамин қадар маблағи дигар талаб кардааст.
Дар ҳамин асос худи ҳамон рӯз нисбат ба Рухшона Раҳмонализода бо моддаи 247 қисми 3 банди “а” (Қаллобӣ ба миқдори калон)-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ судя баъд аз гирифтани маблағи 2000 доллари ИМА аз шаҳрванд “А” дар ҷойи ҳодиса дастгир ва маблағи мазкур аз ӯ ёфта гирифта шуд.
Айни замон тафтишоти пешакии парвандаи ҷиноятӣ идома дорад.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

