Thursday, March 5, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетҲамсари арзон мехарам

Ҳамсари арзон мехарам

“Як тоҷики тоза истирдодшуда ба наздам меояд ва сахт дашном мекунад, ки русҳо ҳама бодахори лаънатӣ ҳастанд. Ман ӯро аз ифротгароӣ огоҳ мекунам ва сабаб мепурсам. Маълум шуд ӯро дар сохтмон бе патент дастгир карда ба шӯъбаи кор бо муҳоҷирон овардаанд, аммо ӯ бо ифтихор: “Ман москвагӣ ҳастам” – ва мӯҳри РВП-ро намоиш медиҳад. Пулисҳо номи ҳамсари ӯ дар зери мӯҳрро хонда табассум мекунанд, ким чизе мекобанд ва ба рақаме занг мезананду баландгӯякро равшан мекунанд. Аз он тарафи гӯши садои масти лояқиле баланд мешавад: “Чӣ?!” – “Фалонӣ ба шумо кӣ мешавад?” -”Намедонам!” – “Шумо бо ӯ дар никоҳи расмӣ қарор доред!” – “Наход?!” -”Шумо бо ӯ зиндагӣ намекунед?” – “Ӯ бо ман зиндагӣ намекунад!”

Пулис дарҳол протокол тартиб дода ба додгоҳ исрол кардаанд, то никоҳ сохта, РВП ғайриқонунӣ додшуда эътироф гардида, муҳоҷир бинобар кор бе патент ихроҷ карда шавад. Дар муддате, ки ин муҳоҷир қарори додгоҳро мунтазир буд, даъваташ карданд ва дасташ расидҳои пардохтҳои коммунали барои 8 моҳ – муддате, ки ӯ дар никоҳ буд ва дар хонаи “ҳамсараш” дар қайд қарор дошт, супориданд”.

Ин як намунаи натиҷаи гирифтани ҳуҷҷатҳои қалбакӣ дар Русия аст, ки ҳомии ҳуқуқ Валентина Чупик қисса мекунад. Ин гуна ҳолатҳо ҳар рӯз такрор мешаванд, ва садҳо муҳоҷири тоҷик на танҳо истирдод мешаванд, балки садҳо ҳазор рублашон, ки барои гирифтани ин ҳуҷҷатҳо масраф кардаанд, барбод меравад. 

Доштани РВП (регистрация временного пребывания – қайди зисти муваққат), ВНЖ (Вид на жительство – иҷозаи иқомат) ва шаҳрвандии Русия кори муҳоҷиронро хеле сабук мекунад – онҳо дигар маҷбур нестанд патент гиранд, ҳар се моҳ худро аз нав ба қайд монанд, аз пулис ҳамеша гурезон бошанд ва ғайра.  Бинобар ин муҳоҷирон бо ҳар роҳ мекӯшанд яке аз ин се ҳуҷҷатро ба даст оранд ва аксари вақт ба роҳҳои ғайриқонунӣ мераванд. 

Гирифтани шаҳрвандӣ тавассути никоҳи ҷаълӣ осонтар аст ва бо ду сабаб талабгори зиёд ҳам дорад. Аввалан дар қонунҳои Русия тартиби муайян кардани никоҳи ҷаълӣ муайян карда нашудааст. Сониян ҷазои он танҳо маҳрумсозӣ аз шаҳрвандист ва ҳеҷ ҷазои маъмурӣ ё ҷиноии дигар пешбинӣ нашудааст. 

Тибқи иттилоъи ВКД Русия аз соли 2018, ҳар сол барои дарёфти иҷозаи зисти муваққат ҳудуди 300 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ муроҷиъат мекунад. Соли 2017 ҳудуди 70 ҳазор нафар гуфтаанд, ки мехоҳанд бо ҳамсаронашон, ки шаҳрванди Русия ҳастанд, бипайванданд.   

Пайдо кардани нафаре, ки бихоҳад бо муҳоҷири хориҷӣ ақди никоҳи ҷаълӣ бандад, мушкил нест. Кам нестанд нафароне, ки аз нарасидани пул сахт эҳтиёҷманданд ва тайёранд барои маблағи муайян муддате дар никоҳи хориҷие бошанд. 

Тибқи иттилоъи хабаргузории “Фергана”, ки тавонистааст бо миёнараве гуфтугӯ кунад, талаботи бештар барои никоҳи ҷаълӣ дар Маскав аст, ки мутаносибан қимати он низ онҷо бештар мебошад. Дар пойтахти Русия “арӯс”-у “домод”-ҳо барои чунин хидматрасонӣ аз 60 то 100 ҳазор рубл ($900-1500) талаб мекунанд.

Дар манотиқ бошад қимати “ҳамсар” хеле поёнтар аст – аз 30 ҳазор ва камтар. Ин миёнарав мегӯяд ҳатто ҳолатҳое ҳам будааст, ки духтаре аз деҳаҳои камбизоат розӣ шудааст ба ивази як халта картошка “ба шавҳар барояд”

Тибқи гуфтаи ӯ хоҳишмандони гирифтани шаҳрвандии Русия бештар ҷавонони байни 20 то 30-сола ҳастанд, ки мехоҳанд дар Маскав ба по рост шаванд, аммо набудани шаҳрвандии Русия монеъи рушдашон мешавад. Аксари хоҳишмандон аз се кишвари осиёимиёнагии Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон будаанд.  

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular