Sunday, April 12, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетРаҳмон ба Суис рафт

Раҳмон ба Суис рафт

Эмомалӣ Раҳмон бо қасди Суис ва Фаронса Душанберо тарк кард. Қарор аст ӯ як ҳафта дар сафари корӣ дар Аврупо бошад.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе раисҷумҳури Тоҷикистонро, тибқи иттилоъи “Ховар” Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел кардаанд.

Дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро Вазири корҳои хориҷӣ, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазирони рушди иқтисод ва савдо, молия, энергетика ва захираҳои об, саноат ва технологияҳои нав, раисони Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Кумитаи рушди сайёҳӣ, Бонки миллии Тоҷикистон, Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон, ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Мухолифони тоҷик дар Аврупо низ ба пешвози раисҷумҳури Тоҷикистон омодагӣ мегиранд. Ҳанӯз барномаи мухолифон маълум нест, аммо тибқи иттилоъи бадастовардаи Паём, яке аз ин барномаҳо шикоят ба додгоҳҳои аврупоӣ алайҳи Эмомалӣ Раҳмон аст.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular