Нархи хонаҳои истиқоматӣ дар шаҳрҳои Тоҷикистон дар як соли ахир дар муқоиса бо даврони буҳрони иқтисодии ҷаҳон дар соли 2008 афзоиш доштааст.
Тавре сомонаи ТопТҶ навиштааст, нархи ҳар метри мураббаъ хонаи навсохт дар маркази шаҳри Душанбе 626 доллар ва дар атрофи пойтахти Тоҷикистон 350 то 400 доллар аст.
Тибқи манбаъ, дар як соли ахир ин нархҳо 30 дарсад афзоиш доштааст.
Ба гуфтаи хонафурӯшҳо таи як соли ахир дар маркази шаҳри Душанбе ҳар метри мураббъ хонаи навсохт байни 100 то 200 доллар афзоиш ёфта, ки иллати он афзоиши талабот аст.
Гуфта мешавад, муштариёни асосии хариди манзилҳои истиқоматӣ дар шаҳри Душанбе муҳоҷирони кории тоҷик ҳастанд, ки аз Русия барои хариди хона пулғундорӣ мекунанд.
Ин дар ҳолест, ки дар соли 2008 ва то оғози буҳрони иқтисоди ҷаҳонӣ нархи ҳар метри мураббаъ аз манзилҳои навсохт дар маркази шаҳри Душанбе ҳазору 300 доллар ва дар атрофи пойтахти Тоҷикистон 800 доллар буд.
Аз 779 ҳазор метри мураббаъ манзили истиқоматии ба истифодадодашуда дар Тоҷикистон аз оғози имсол, 70 дарсадро бахши хусусӣ бо мушорикати молии мардум сохтааст.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

