Monday, April 13, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетАҳолии Тоҷикистон дар як сол 2,2% афзудааст

Аҳолии Тоҷикистон дар як сол 2,2% афзудааст

Шумори аҳолии Тоҷикистон аз моҳи октябри соли гузашта то моҳи октябри соли равон 2,2 дар сад зиёд шуд.

Тибқи гузориши  Агентии омор ба 1 октябри соли 2019 шумори аҳолии Тоҷикистон бо назардошти таваллудшудагон, маргу мир ва муҳоҷират 9 млн. 258 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Аҳолии нисбатан зиёдтар дар Хатлон – 3 млн. 328 нафар зиндагӣ мекунанд. Аҳолии вилояти Суғд то 1 октябри соли ҷорӣ ба 2 млн. 690 ҳазор, Ноҳияҳои тобеи марказ – 2 млн. 156 ҳазор, шаҳри Душанбе – 855 ҳазор ва ВМКБ ба 228 ҳазор нафар расидааст.

Дар 9 моҳи соли ҷорӣ мақомоти Сабти Асноди Ҳолати Шаҳрвандӣ 162,6 ҳазор нафар таваллудшудагонро сабт кардаанд, аз ҷумла, дар вилояти Хатлон – 65,2 ҳазор, вилояти Суғд – 42,5 ҳазор, Ноҳияҳои тобеи марказ – 40 ҳазор, шаҳри Душанбе – 11,9 ҳазор ва ВМКБ – 2,9 ҳазор нафар.

Шумори маргу мир дар ин давра дар ҷумҳурӣ 25 ҳазор нафарро ташкил додааст, ки байни онҳо 1,5 ҳазор нафар кӯдакони синни то 1-сола ҳузур доранд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular