Monday, April 13, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетUSAID барои мубориза бо сил ба Тоҷикистон $15млн кӯмак мекунад

USAID барои мубориза бо сил ба Тоҷикистон $15млн кӯмак мекунад

Барои мубориза бо бемории сил Оҷонсии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба рушди байналмилаллӣ ё худ USAID, ба Тоҷикистон 15 миллион доллар кӯмак хоҳад кард. Ба қавли Вазорати тандурустии Тоҷикистон, ин созмон дар маҷмӯъ ҷиҳати коҳиши бемории сил дар Осиёи Марказӣ барои 5 сол беш аз 31 миллион доллар ҷудо мекунад. 

Тоҷикистон дар миқёси ҷаҳон яке аз 30 кишварест, ки дорои шумораи зиёдтарини гирифторони бемории сили ба доруҳои гуногун тобовар, ба шумор меравад. Ҳар сол садҳо шаҳрванди Тоҷикистон бо бемории сил ташхис мешаванд.

Зимнан, тобистони имсол Тоҷикистон ҷазои шахсонеро сахттар кард, ки мубталои бемории сироятӣ, аз ҷумла сил ва вируси норасоии масунияти бадан ҳастанд, вале аз муоина ва муолиҷа сарпечӣ мекунанд. Онҳо аз 1100 то 1650 сомонӣ ҷарима мешаванд.

Бино бар омори охирин, дар кишвар ҳудуди 10 ҳазор мубталои бемории сил ва беш аз 7 ҳазор гирифтори вируси норасоии масъунияти бадан сабт шудаанд.

Ин дар ҳолест, ки коршиносон мегӯянд ба сабаби баланд будани сатҳи фасод дар Тоҷикистон қисми зиёди кумакҳо ғайримақсаднок истифода мешаванд ва барои гирифтани пеши роҳи паҳншавии беморӣ кам аҳамият дода мешавад. Бештари вақт масъулин бо сохтани брошюра ва аёниятҳо дар мубориза бо бемории сил иктифо мекунанд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular