Wednesday, February 18, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетБоз як Маҳмадбеков соҳиби медали тилло шуд

Боз як Маҳмадбеков соҳиби медали тилло шуд

Дар мусобиқаи Ҷоми  Осиё оид ба ҷудо Asian Judo Open Hong Kong 2019, ки дирӯз, 1-уми декабр, анҷом ёфт, дар вазни то 73 кило, варзишгари тоҷик, Маҳмадбек Маҳмадбеков, ки Русияро намояндагӣ мекард, қаҳрамони бозӣ ва соҳиби медали тилло шуд. Ӯ дар финал Мадияр Сембоеви Қазоқистониро шикаст дод.

Маҳмадбек Маҳмадбеков  варзишгари тоҷик Хайёмиддин Ҷабборов, ки Тоҷикистонро намояндагӣ мекард ва баъди ду пирӯзӣ бар Чо Фунг Леунг аз Ҳонконг ва Чоиҷилсурен Ганболд аз Муғулистон ба нимфинал баромада буд, мағлуб намуд.

Ҳамин тавр Хайёмиддин дар қувваозмоӣ барои ҷойи севум аз Болор-Очир Герелтуя аз Муғулистон шикаст хӯрд ва дар натиҷа ба ҷойи панҷум рафт.

Маҳмадбек писарамаки паҳлавони шинохтаи тоҷик Сомон Маҳмадбеков мебошад, ки дар шаҳри Иркутски Русия ба сар мебарад ва бо раҳбарии падараш тамрин мекунад.

Ҳамчунин дар ин мусобиқа, дар вазни то 100 килограм Хуршед Маҷидов, варзишгари дигари тоҷик соҳиби медали биринҷӣ шуд.

Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), дар Ҷоми бози Осиё дар Ҳонконг 163 варзишгар (96 мард ва 67 зан) аз 30 кишвар иштирок дошт.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular