Monday, February 16, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетМуҳоҷири тоҷик худро аз ошёнаи 6-ум партофт

Муҳоҷири тоҷик худро аз ошёнаи 6-ум партофт

Шаби гузашта як муҳоҷири тоҷик бо сабабҳои номаълум худро аз 6-ум ошёна партофтааст.

Гуфта мешавад, ки ин ҷавон зодаи ноҳияи Восеъ Исмоил Разоққов буда, чанд моҳ пеш ба федератсияи Русия ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтааст.

Тавре, Муҳаммад Абдулло, яке аз корбарони фаъоли “Фейсбук” хабар медиҳад,  ин ҷавон бо чанд тан аз ҳамватанон дар Якутия дар сохтмон кор мекардааст ва шаби гузашта худро аз ошёнаи 6-ум ба замин партофтааст.

 Бино ба иттилои Муҳаммад Абдулло муҳоҷирони дигари меҳнатӣ ба хотири интиқоли ҷасади марҳум маблағ ҷамъ кардаанд ва ба наздикӣ ҷасадро ба Тоҷикистон интиқол медиҳанд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular