Friday, April 17, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетНазари хонанда: Ислоҳ, роҳҳои раҳоӣ аз буҳрони иқтисодӣ-сиёсӣ

Назари хонанда: Ислоҳ, роҳҳои раҳоӣ аз буҳрони иқтисодӣ-сиёсӣ

Бо гузашти наздик ба сӣ сол аз касби истиқлоли давлатӣ, Тоҷикистон ҳамоно ба сифати як давлати дорои низом ва сохтори устувор ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои демократӣ такомул пайдо накардааст. Бидуни шак, тарафдорон ва назариясозону мафкурапардозони ҳокимияти феълӣ ҷанги шаҳрвандии панҷсоларо яке аз мавонеи ташкил ва такмили Тоҷикистони мустақил қаламдод мекунанд. Аммо аз хатми ин ҷанг ҳам беш аз ду даҳа сипарӣ шудааст ва ба пиндори мо онро баҳона ва ваҷҳ пеш овардан дуруст нест.

Ҳамин ҳоло ҳам Тоҷикистон ба тафовут аз кишварҳои ҳамсоя ҳамоно ба буҳрони шадиди иқтисодӣ  ва сиёсӣ дасту панҷа нарм мекунад. Барои ҳар як тоҷики ватандӯст доштани як давлати рушдкарда ва босубот,ки битавонад сакана ва ё табааи худро бо ҷойи кор, маоши муносиб ва манзилу кошона таъмин кунад ҳам орзуву ҳавас ва ҳам боиси ифтихор аст. Аммо воқеияте, ки имрӯз дорем ва дар он ба сар мебарем,ин тавр нест. Пас, савол пеш меояд,ки чи бояд кард?                            

  Мехостам андешаҳо ва назариёти худро дар ин бора баён намоям:  

1.Оиди вазъи муҳоҷирони меҳнатӣ ва аҳамияти воридшавии Тоҷикистон ба Иттиҳодияи Иқтисодии Авруосиё. 

Ба андешаи банда Тоҷикистон бояд вориди Иттиҳодияи Иқтисодии Авруосиё ( ИИАО ) бошад. Чаро?  Мусаллам аст, ки шароити муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Русия муносиб ва мувофиқ нест, балки душвор ва сангин аст. Барои мисол ҳамин патенти кориро бигирем. Патенти корӣ нархи баланд дошта, ба қайдгирии мушкилзо, убур ва вуруди марзи хориҷӣ (ҳоло қариб, ки ҳамаи муҳоҷирони меҳнатӣ ба давлати Қазоқистон бо роҳи автомобил дарою баро мекунанд, ки борҳо шоҳиди садамаи марговар шудаем ), азият ва бадрафтории сохторҳои қудратӣ, набудани ҷои хоби бемалол, хӯроки гарм ва ғайраю ғайра аз мушкилоте ҳастанд,ки пайваста гиребонгири муҳоҷирони кории мо мебошанд.  

Вақте, ки Тоҷикистон ба ИИАО ворид мешавад, шароити сахт ва камбудиҳо то ҳадди имкон бардошта мешавад. Аз ҳисоби як худи патенти корӣ  ва ба қайдгирӣ, агар як миллион нафар муҳоҷири корӣ моҳе 5000 рублӣ ба буҷаи Русия супоранд, яъне 1000 000×5000=5 000 000 000 ×12= 60 млрд. рубл мешавад. Дар сурати дохил шудан ба ИИАО ин миқдор пул ба иқтисоди ҷумҳурӣ ворид мешавад. Алҳол ин пул ба буҷаи Русия рафта истодааст. “Дар соли 2018 Русия танҳо аз ҳисоби патент 57 млрд. рубл ( 8,7 млрд. доллар ) даромад кард, ки ин рақам дар солҳои минбаъда меафзояд “. Ин маблағ аз буҷаи солонаи Тоҷикистон чор маротиба бештар аст.  Пас аз дохил шудан ба ИИАО муҳоҷирони меҳнатӣ ҳар вақте, ки хоҳанд ба Русия ва ё мамлакатҳои пасошуравӣ сафари корӣ мекунанд, вақти муайян меҳнат намуда, ба назди падару модар, аҳли оила ва фарзандон бармегарданд. 

“Алҳол Иттиҳоди Аврупо ба Украина иҷозати визаи корӣ бо мӯҳлати се моҳа додааст, шаҳрвандони Украина метавонанд ба кулли мамлакатҳои Иттиҳоди Аврупо бо визаи кори се моҳ рафта кор мекунанд, пас аз се моҳ ба кишвари худ бар мегарданд “. 

Ҳоло қисме аз муҳоҷирони меҳнатии мо ғайри легалӣ кору фаолият мекунанд, барои убури марз ва ё ба назди оилаи худ баргаштан тарс доранд. Чунки дар вақти хуруҷ аз Русия, мамнӯъул-вуруд мешаванд. Бо баробари ворид шудан ба ИИАО миқдори муҳоҷирони меҳнатӣ аз 200 000 то 300 000 нафар, мумкин аз ин зиёдтар меафзояд, ки ин ду тарафи беҳбудӣ дорад. Аввалан ҳамин миқдори муҳоҷирони меҳнатӣ зиндагонии худро беҳтар мекунанд. Ва аз тарафи дигар ба иқтисоди кишвар зиёда аз 1 млрд доллари амрикоӣ, пули иловагӣ ворид мешавад. 

Дар 9 – моҳи соли 2019 аз ҳисоби муҳоҷирони меҳнатӣ ба кишвар 2,5 млрд. доллар пул ворид шудааст. Вале раиси БМТ Ҷамшед Нурмуҳаммадзода дар вохӯрии моҳи ноябри соли 2019 бо саволҳои рӯзноманигорон ба ҷои ҷавоб додан мегӯяд, ки ҳамин пули муҳоҷиронро масъала насозед, гап назанед, яъне ӯ гуфтанӣ, ки мушкил насозед. Чаро набардоранд? Чаро суол накунанд? Вақте, ки рубли русӣ ва ё асъори дигари хориҷии муҳоҷиронро  бо асъори миллӣ, бо миқдори кам бошад ҳам, бо қурби паст бар мегардонед, ин як тарафи масъала. Тарафи дуюми он барои нигоҳ доштани қурби асъори миллӣ, нисбати асъори хориҷӣ аст. Ҷ. Нурмуҳаммадзода, дар яке аз суханрониҳояш иқрор шуд, ки ба ҷои рубли русии муҳоҷирон, додани пули миллӣ натиҷаи хуб дод. Яъне уфти қурби пули миллӣ аз ҳисоби пули муҳоҷирон боз дошта шуд. Чанд моҳ қурби 100 доллари амрикоӣ баробари 942 – 943 нигоҳ дошта шуд.

Тарафи дигари масъала хело ташвишовар аст. Яъне мақсади асосии масъулони Бонки миллӣ рубли русие,ки аз ҳисоби муҳоҷирони меҳнатӣ ба кишвар ворид мешавад, бо асъори хориҷӣ, доллари амрикоӣ ва ё ба евро иваз намуда онро ба суратҳисобҳои офшории худ мегузаронанд. 

2. Яке аз масъалаҳои асосӣ, масъалаи ба нафақа баромадани муҳоҷирон буд, ки ин ҳам дар сурати ворид шудан ба ИИАО ҳалли худро меёбад. Созишнома оиди нафақаи муҳоҷирони меҳнатии  кишварҳои Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиёро рӯзи 20 декабри соли 2019 дар шаҳри Санкт – Петербурги Русия, сарони давлатҳои иттиҳод, имзо гузоштанд. Аз рӯи шартҳои шартнома, собиқаи корӣ на танҳо давраи кор дар як кишвар, балки дар тамоми кишварҳои ИИАО ба назар гирифта мешавад. 

Дар рӯзномаҳо ва сайти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, хабарҳои нашр шуда, огоҳ гаштам, ки оиди муҳоҷирати меҳнатӣ ба давлати Қатар шартномае бо имтиёзҳои хело хушнудкунанда ба имзо расидааст. Банда оиди сафарбар намудани муҳоҷирони меҳнатӣ ба мамлакатҳои арабӣ, 25 сол қабл дар рӯзномаҳои вилоятии “Ҳақиқати Ленинобод”, шаҳрии ” Тирози ҷаҳон ” пешниҳоди хешро карда будам. Дер бошад ҳам аз амали шудани пешниҳоди худ хело хушҳолам. Вале дар мадди аввал ба муҳоҷирони меҳнатии мо баъзе мушкилот  пеш меояд, ба монанди надонистани забони арабӣ, иқлими гарм ва талаботи интизомӣ эҷод мешавад,ки ин монеъаҳо ислоҳ шавандааст. Дар оянда ҳам сафарбар намудани муҳоҷирони меҳнатиро ба мамлакатҳои арабӣ бояд давом дод.        

  3. Имрӯз ба Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод менамоям, ки оиди масъалаи муҳоҷирони меҳнатӣ ба кишварҳои Иттиҳоди Аврупо  даст ба кор гиранд. Аввалан дар Аврупо ба ҳуқуқи шаҳрвандии муҳоҷирони меҳнатӣ эҳтиром қоиланд. Сониян моҳонаи арзанда аз 1000 то 4000 евро пардохт карда мешавад. Баъдан муҳоҷирони меҳнатӣ моҳонаи изофии худро бо асъори хориҷӣ ба Тоҷикистон равона мекунанд. Ба ҳамаи мо маълум аст, ки дар Тоҷикистон асъори хориҷӣ камёфт   шуда истодааст. Муҳоҷирони меҳнатии Иттиҳоди Аврупо метавонанд, ин камбудии асъори хориҷиро бартараф намоянд. Айни ҳол аз ҷумҳурии Узбекистон ба давлатҳои Иттиҳоди Аврупо муҳоҷирони меҳнатӣ хеле зиёд омадаанд ва омада истодаанд. Онҳо, ҳоло соҳиби ширкатҳои сохтмонӣ, соҳаҳои кишоварзӣ, ресторанҳо ва ғайра шуданд. Қисми зиёди онҳо мутахассис ва кормандони сохтмонӣ, ронандаҳои таксӣ, мошинҳои боркаш ва дар соҳаҳои саноату кишоварзӣ кору фаолият мекунанд. Ҷолиби қайд аст, ки қисме аз онҳо тиҷорати байни Ӯзбекистон ва Иттиҳоди Аврупоро ба роҳ монда истодаанд. Ҳатто баъзеи онҳо дар мамлакати Шветсия волидони худро даъват намуда пас аз гирифтани иқомат ба нафақа бароварда истодаанд  .      

Якчанд нуқта оиди таърихи пайдоиши созмони ИИАО. Ин созмон дар базаи Иттиҳодияи гумрукӣ ба вуҷуд омад. Дар аввалин ҷаласаи Иттиҳодияи гумрукӣ бо иштироки сарони давлатҳои Қазоқистон, Русия, Белорусия, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон соли 1995 оиди таъсиси Иттиҳодияи гумрукӣ шартнома баста шуд. Вале 6 октябри соли 2007, пас аз 12 сол, дар шаҳри Душанбе танҳо Русия, Қазоқистон ва Белорусия ба шартномаи оиди таъсис намудани қаламрави ягонаи гумрукӣ ва ташкили Иттиҳодияи гумрукӣ имзо гузоштанд. 28 ноябри соли 2009 дар шаҳри Минск бо иштироки Медведев Д. А, Лукашенко А. Г  ва Назарбоев Н. А оиди фаъолияти фазои ягонаи гумрукӣ шартнома қабул карда шуд. Ва аз 1 – уми июли соли 2010 Иттиҳодияи гумрукӣ дар қаламрави Русия, Қазоқистон ва Белорусия фаъолияти худро оғоз кард. Дар ҷаласаи навбатӣ се кишвари узви Иттиҳодияи гумрукӣ 29 майи соли 2014 ҷамъ омаданд ва оиди таъсиси ИИАО ба шартнома имзо гузоштанд. Дар шартнома омадааст, ки аз 1 январи соли 2015 фаолият оғоз карда шавад. Сипас ба созмони ИИАО, 2 январ Арманистон ва 12 августи ҳамин сол Қирғизистон ворид шуданд.  

Дар назди Пажӯҳишгоҳи иқтисод ва демографияи Тоҷикистон комиссияи вижае таъсис шудааст. Аъзои комиссия ИИАО -ро ҳаматарафа омӯхта, назар ва хулосаи худро ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар оиди шомил шудан ба ИИАО ироа дода буданд. Вале чанд сол аст, ки дар Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳатҳои мусбӣ ва манфии онро омӯхта истодаанд. Солҳои охир ҳатто Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва ВКД Русия масъалаи воридшудани Тоҷикистон ба ИИАО – ро мавриди омӯзиш қарор  дода истодаанд. Ба фикри банда, вақте расидааст, ки ба хотири оромӣ ва зиндагии арзандаи миллат, рушди иқтисодиёт, Тоҷикистон ҳар чӣ зудтар вориди ин созмон шавад.      

ИИАО сол то сол васеъ шуда истодааст. Ҳоло Молдавия ҳамчун нозир дар ҷаласаҳои ИИАО ширкат мекунад. Аз соли 2015 аввал Ветнам,сипас Сингапур оиди савдои озод ба созмони ИИАО шартнома бастанд. Камбоҷа, Таиланд ва Индонезия ҳамкории иқтисодиро оғоз намуданд. Кишварҳои Сурия ва Тунис нияти ба созмони Иттиҳодияи гумрукӣ дохил шуданро доранд. Моҳи ноябри соли 2019 байни ИИАО бо Сербия шартномаи савдои озод баста шуд. Дар солҳои охир барои савдои озод байни ИИАО  ва кишварҳои Миср, Исроил ва Ҳиндустон идома дорад. 

Дар шаҳри Санкт – Петербург, рӯзи 20 декабри соли 2019, роҳбарони кишварҳои ИИАО, манфиатҳои ҳамкорӣ бо Эронро баррасӣ карданд, созишнома оиди минтақаи тиҷоратии озод бо ин кишвар аллакай эътибор пайдо кардааст.

Таҳти режими имтиёзнок, Иттиҳод ба Эрон маҳсулоти бофандагӣ, маҳсулоти гӯштӣ ва ширӣ, меваҳо, сабзавот, доруворӣ ва косметикӣ – ҳамаги 360 намуд маҳсулот ворид мекунанд.

Эрон аз тарафи худ тақрибан 500 намуди маҳсулотро пешниҳод мекунад: хӯрокворӣ, қолинҳо, масолеҳи сохтмонӣ, қисмҳои автомобилӣ, сантехникӣ. Масалан боҷи эронӣ ба саволҳо ( кафелҳо ) бояд, тақрибан 50% ва ба дигар маҳсулотҳо то 40% кам карда мешавад. Дар ИИАО  боҷҳои воридоти ба панир, киви, кардамон ба сифр баробар мешавад.

Эрон боҷӣ гумрукиро барои маҳсулоти кишоварзӣ бо ҳисоби миёна 19%, маҳсулоти саноатӣ 7% ва ИИАО то 3 – 5% коҳиш хоҳад дод.

Ба гуфтаи коршиносон, пас аз тавофуқ, савдои байни ИИАО ва Эрон эҳтимолан 150% афзоиш хоҳад ёфт. Бо баробари савдои озод, сармоягузории муштарак ҳам афзоиш меёбад. Гуфтушунид идома дорад. Аз ин рӯ маълум мешавад, ки ИИАО ояндаи неки иқтисодӣ – сиёсӣ дорад. Ҳар кишваре, ки ба созмони ИИАО дохил мешавад, танҳо бурд мекунад.

Дадоҷон Ёқубов

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular