Қаблан расонаҳо дар бораи хона ба хона гаштани намояндагони чанд мақомот ва сабти номи муҳоҷирин бо гирифтани рақами телефони онҳо гузориш дода буданд. Ин сабтином асноду маълумоти зиёдеро ошкор кардааст, ки мақомот аз ифшои он худдорӣ мекунанд.
Тибқи иттилоъи як манбаъи мӯътамади Паём аз Агентии омор, моҳи августи соли гузашта ин ниҳод супориш гирифтааст дар кӯтоҳтарин муддат рӯйхати муҳоҷирони меҳнатиеро, ки берун аз марзи кишвар қарор доранд омода намуда, ба ҳукумат пешниҳод намояд. Чанд ниҳоди дигар, аз ҷумла вазорати маориф ва мақомоти иҷроияи маҳаллӣ низ муваззаф шудаанд дар ин амр ба Агентии омор кӯмак намоянд.
Агентии омор муваффақ шудааст то аввали моҳи ноябр тамоми маълумот дар бораи муҳоҷиронро ҷамъоварӣ намояд. Асноди ҷамъовардашуда нишон додаанд, ки ин муддат (август-октябр) 1 миллиону 194 ҳазор нафар дар муҳоҷирати мавсимии корӣ қарор доранд.
Раисҷумҳури Тоҷикистон охири моҳи декабр дар паёмаш ба парлумони Тоҷикистон шумори муҳоҷиронро каме бештар аз 480 000 нафар гуфта буд. Ин ҳам дар ҳоле, ки чанд рӯз қабл аз ӯ сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов ин шуморро беш аз 1200 000 зикр карда буд. Дар баёни ин рақам Эмомалӣ Раҳмон ба маълумоти оморӣ такя кард ва гуфт: “Мувофиқи маълумоти оморӣ соли ҷорӣ шумораи шаҳрвандони мо, ки берун аз кишвар фаъолияти меҳнатӣ доранд, қариб 60 фоиз кам шудааст, ки ин натиҷаи рушди иқтисодиёт ва ташкили ҷойҳои корӣ дар дохили кишвар мебошад”.
Манбаъи Паём мегӯяд, ҳанӯз дар нимаи моҳи ноябр, яъне якуним моҳ пеш аз паёми раисҷумҳур ба парлумон, ин рақамҳо рӯи мизи кории ӯ қарор доштанд. Маълум мешавад маълумоти ҷониби Русия саҳеҳ буда, Эмомалӣ Раҳмон ошкоро дурӯғ гуфтааст.
Ҳамчунин ин манбаъ гуфт маъракаи ҷамъоварии асноди муҳоҷирон ду ҳақиқати дигарро ошкор кардааст. Тибқи ин омор 583 000 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон шаҳрвандии кишварҳои дигарро қабул кардаанд, ки аксарияти кулли он ба Русия рост меояд.
Ин маърака маълумоти сенсатсионии дигареро ҳам ошкор кардааст: дар замони ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон, аниқтараш аз соли 1993 то ин замон 310 000 нафар(!) бе ному нишон шудаанд. Ин гурӯҳи бузурги шаҳрвандони Тоҷикистон аз кишвар хориҷ шуда, то ҳанӯз маълум нест дар куҷо қарор доранд ва оё зинда ҳастанд ё не.
Дар маҷмӯъ дар ҳоли ҳозир 2 миллиону 78 ҳазор нафар дар хориҷ аз кишвар қарор доранд.
Ҳамчунин манбаъи Паём гуфт барои маъракаи барӯйхатгирии аҳолӣ, ки соли ҷорӣ баргузор мешавад, аллакай супориш гирифтаанд, ки бояд шумори аҳолии кишварро чӣ қадар эълон кунанд.
Ба суоли Паём, дар бораи ин ки “оё арқоми эълонкардаи ҳукумат дар бораи шумори аҳолӣ воқеъият надоранд ва шумори аҳолӣ камтар 9 миллионест, ки ҳукумат мегӯяд?”, манбаъ посух дод: “Бале ин комилан дурӯғ аст. Барои мисол соли 2018 зимни баҳисобгирӣ аҳолии ноҳияи Синои пойтахт 274 ҳазор нафар ба қайд гирифта, шуд аммо аз боло супориш шуд ки ба 330 ҳазор расонида шавад ва мо маҷбур шудем изофанависӣ кунем. Чунин ҳолат дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон вучуд дорад”.
Аз ин иттилоъи манбаъ бармеояд, ки аҳолии ноҳияи Синои пойтахт аз будаш 56 000 ё 20% (!) зиёд нишон дода шудааст. Ба ин тартиб, агар ин нишондиҳанда дар тамоми кишвар яксон аст, пас аҳолии Тоҷикистон камтар аз 7,5 миллионро ташкил медиҳад.
Агар аз ин шумора 580 000 онҳоеро, ки шаҳрванди кишварҳои дигар шудаанд ва 310 000-е, ки бедарак шудаанд, гирифта шавад, ҳамагӣ камтар аз 6,5 миллион боқӣ мемонад, ки 1,2 миллиона дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор дорад.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

