Thursday, April 23, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетБеш аз 120 ширкати дорусозии Ҳинд дар Тоҷикистон ҳузур доранд

Беш аз 120 ширкати дорусозии Ҳинд дар Тоҷикистон ҳузур доранд

Дар Тоҷикистон намояндагии зиёда аз 120 ширкати истеҳсолкунандагони дорувории  Ҳиндустон ба миқдори зиёда аз 1000 намуди маводи доруворӣ ва молҳои тиббиро аз қайди давлатӣ гузарониданд

Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон ҳамкориро дар соҳаи тандурустӣ густариш медиҳанд. Ин масъала зимни мулоқоти Насим Олимзода вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вираҷ Сингх сафири Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид

Дар оғози мулоқот Насим Олимзода Вираҷ Сингхро барои ба вазифаи Сафири Ҳиндустон дар Тоҷикистон таъйин гардиданаш  табрик намуда, аз ҳамкории ҳарду давлат, ки дар соҳаҳои гуногун хуб ба роҳ монда шудаанд, изҳори қаноатмандӣ кард.

Таъкид гардид, ки айни замон дар Тоҷикистон намояндагии зиёда аз 120 ширкати истеҳсолкунандагони дорувории  Ҳиндустон ба миқдори зиёда аз 1000 намуди маводи доруворӣ ва молҳои тиббиро аз қайди давлатӣ гузарониданд.

Ҳамасола мутахассисони соҳаи тибби Тоҷикистон бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Ҳиндустон ба даври омӯзишии забони англисӣ дар ин кишвар фаро гирифта мешаванд, ки барои баланд бардоштани сатҳи забондонии мутахассисони тоҷик мусоидат менамояд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular