Манобеъи “Паём” аз шурӯъи “облава” дар гузаргоҳҳои марзии чанд ноҳияи вилояти Суғд, фурӯдгоҳи Хуҷанд ва шарқи кишвар хабар медиҳанд. Дар посгоҳҳои марзӣ ва фурӯдгоҳи Хуҷанд ҷавонони синни хидмати ҳарбӣ ё бо пардохти ришва марзро убур мекунанд, ё аз марз пас гардонда мешаванд.
Як анъана дар Тоҷикистон роиҷ аст: дар ҳар бахше мақомот ваъдаи беҳбудӣ карданд, ҳатман онҷо вазъ ба маротиб бадтар мегардад. Чанде пеш мақомоти Вазорати дифоъ ваъда карданд мехоҳанд “облава”-ро ба кулли аз байн баранд ва барои ин дар аввалин қадам хидмат дар артишро аз 2 ба 1,5 сол кам мекунанд.
Агар қаблан боздошти ҷавонони синни хидмати ҳарбӣ аз 1 апрел шурӯъ мешуд, имсол баъди ваъдаи аз байн бурдани он аз 10 феврал шурӯъ шудааст. Ин ҳам дар ҳоле, ки фармони даъвати баҳорӣ аз ҷониби раисҷумҳур ҳанӯз имзо нашудааст. Одатан ин фармон дар нимаи дуввуми моҳи март имзо мегардад.
Як манбаъ аз ноҳияи Масчои нав хабар дод, ки дар гузаргоҳи марзии Фотеҳободи ин ноҳия, ки бештари мусофирбарҳои роҳии Русия аз он убур мекунанд, ҷавонони синни хидмати ҳарбиро аз мусофирбарҳову таксиҳо поён мекунанд. Танҳо дар сурати пардохти ришва, ки ҳади ақалаш 500 рубли русиро ташкил медиҳад, ба онҳо иҷозаи убури марз медиҳанд.
Ба иттилоъи манбаъи дигар дар гузаогоҳи марзии ноҳияи Ашт ҳам ҳамин ҳол аст ва шурӯъ аз 10 феврал ба боздошти ҷавонони синнашон то 27 сола шурӯъ кардаанд. Дар ин ноҳия ҳам танҳо онҳое муваффақ ба гузаштан аз марз мешаванд, ки маблағи муайяне ба сарҳадбонон пардохт мекунанд.
Дар бораи ҳамин гуна “облава”-ҳо чанд манбаъ аз ноҳияи Панҷакент хабар медиҳанд. Дар гузаргоҳҳои ин ноҳия ҳам ҷавонони синни хизмат дар марз боздошт мешаванд. Дар фурӯдгоҳи Хуҷанд то ҳол ягон лағви билет ба қайд гирифта нашудааст, аммо маблағситонӣ аз ҷавонон ҷараён дорад.
Аммо вазъ дар навоҳии шарқии кишвар, бахусус ноҳияи Рашт бамаротиб сангинтар аз шимол аст. Дар онҷо аз таҷрибаи соли гузаштаи Воруху Чоркӯҳ истифода мебаранд. Волидони ҷавонони то 27 сола ба идораи амнияти ин ноҳия бурда шуда, аз онҳо талаб карда мешавад, ки фарзандонашонро аз Русия баргардонида ба хидмати ҳарбӣ фиристанд.
Тибқи иттилоъи як манбаъ, дар раиси ҷамоъати Қалъанаки ноҳияи Рашт бо кӯмаки раиси шӯъбаи амнияти ин ноҳия Нуралӣ Муродов () дар аввали моҳи феврал, яъне ду моҳ қабл аз оғози даъват ба артиш, 15 нафар ҷавонро аз Русия баргардонидааст. Ин ҷавонон аллакай аз ташхиси тиббӣ гузаронида шудаанд ва баробари шурӯъи маъракаи даъват ба артиш, дар аввалин навбат ба хизмат фиристода хоҳанд шуд.
Бо фишор ба волидони ин ҷавонон, ки бархе ду рӯз дар идораи амният нигоҳ дошта шудаанд, ҳамаи онҳо маҷбур ба бозгашт аз Русия шудаанд. Ҳамин манбаъ мегӯяд волидони ду бародаре, ки дар Русия қарор доранд, натавонистаанд онҳоро баргардонанд. Ба хотири иҷро накардани фармони раиси ҷамоъат ва раиси шӯъбаи КДАМ фарзанди саввуми онҳо, ки донишҷӯ будааст, аз донишгоҳ ихроҷ ва дар боздошт қарор гирифтааст.
Раиси 30 солаи ҷамоъати Қалъанаки ноҳияи Рашт бо пуштибонии Нуралии сиёҳ ба ҷиноятҳои бисёре даст задааст. Рӯзҳои наздик таҳқиқоти Паём дар бораи ҷиноятҳои ӯ мунташир хоҳад шуд.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

