Friday, April 24, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетҲукумати Тоҷикистон коруноро баррасӣ кард

Ҳукумати Тоҷикистон коруноро баррасӣ кард

Дар ҷаласаи Ҳукумати Тоҷикистон, ки имрӯз таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуд, коронавирус аз мавзӯъҳои меҳварӣ будааст

Насим Олимзода, вазири тандурустии Тоҷикистон ба Эмомалӣ Раҳмон ва аъзои Ҳукумат гузориш дод, ки то ҳол дар кишвар ягон ҳолати мубталошавӣ ба коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Тибқи иттилои котиботи раисиҷумҳур, Олимзода зимни маҷлис дар бораи тадбирҳои андешидаи ҷониби Тоҷикистон вобаста ба ҳолатҳои пешгирӣ аз сирояти бемории коронавирус гузориш додаст.

Котиботи раисиҷумҳур афзуд, ки тадбирҳо дар ин самт таҳти назорати бевоситаи раисҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, минбаъд низ корҳои пешгирикунанда, иттилоотию маърифатӣ ва чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқоли коронавирус ба Тоҷикистон идома дода мешавад.

Манбаъ таъкид намудааст, ки фаъолияти муназзами системаи назорати санитарию эпидемиологии Тоҷикистон минбаъд низ идома дода мешавад.

Ҳукумати Чин рӯзи 31 – уми декабри соли гузашта ба Созмони ҷаҳонии тандурустӣ аз бурузи маризии илтиҳоби шуш бо нишонаҳои номаълум дар шаҳри Вуҳан хабар дода буд. Сипас муайян шуд, ки барангезандаи ин маризӣ коронавирус мебошад.

Феълан гирифторони короноврус дар Фаронса, Италия, Ирон, Олмон, ИМА, Австралия, Ветнам, Ҳонконг, Ҳиндустон, Малайзия, Макао, Непал, Канада, Сингапур, Таиланд, Тайван, Ҷопон, Филиппин, Финляндия, Кореяи Ҷанубӣ ва Украина ба қайд гирифта шудаанд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular