Monday, February 16, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетРойтерз: шонси пирӯзии Клинтон 90 дарсад аст

Ройтерз: шонси пирӯзии Клинтон 90 дарсад аст

Тибқи назарсанҷие, ки оҷонсии Ройтерз анҷом додааст, Ҳиллари Клинтон имкони бештари пирӯзи дар интихоботи имрӯзаи ИМА-ро дорад. Клинтон шояд овозҳои 303 маҷмаъаи интихобкунандагонро ба даст оварад.

Назарсанҷиҳои дигар ҳам ба ин натиҷа расидаанд, ки Клинтон то 5 дарсад аз ҳарифи худ бештар ороро касб хоҳад кард. Аммо тибқи гуфтаи Ройтерз дар сурати пирӯзӣ дар иёлоти калидӣ аз қабили Флорида, Мичиган, Каролинаи шимолӣ ва Пенсилвания, Доналд Трамп метавонад пирӯзи интихоботе бошад, ки тамоми ҷаҳон аз он назора мекунад.

Ширкати Трамп дар интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико ин интихоботро ба пуршӯртарин маърака табдил додааст, аммо ҷонибдории ӯ аз Русия ва изҳороти миллатгароёнааш шонси пирӯзиашро камтар кардааст. Аз ҷумла тибқи як назарсанҷӣ беша аз 90 дарсади мусалмонони ИМА ҳозиранд ороёшонро ба хонум Клинтон диҳанд.

Дар интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико номзаде пирӯз хоҳад шуд, ки пуштибонии 270 ё бештар аз он маҷмаъаи интихобкунандагон (Electoral college)-ро ба даст оварад, аммо Ройтерз шонси Трампро пуҳтибонии 235 маҷмаъаи интихоботӣ тахмин задааст.

Участкаҳои интихоботӣ дар ИМА 4-5 соат пас, яъне соат 11-12 аз рӯи Гринвич ё 16-17 ба вақти Душанбе боз хоҳанд шуд ва интизор меравад, ки фардо субҳ аввалин натоиҷи он эълон шаванд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular