Тоҷикистон дар раддабандии нави “Шохиси озодиҳои иқтисодӣ” миёни кишварҳои дунё нисбати соли гузашта 33 зина поён рафтааст
Ин , ки рӯзи 17 март аз ҷониби пажуҳишгоҳи Heritage Foundation ва маҷаллаи The Wall Street нашр шуд, 186 кишвари дунёро дар бар гирифтааст.
Соли гузашта Тоҷикистон дар рейтинги “Шохиси озодиҳои иқтисодӣ” дар ҷойи 122 ва соли 2018 дар зинаи 106 қарор дошт. Гузоришгарон ба хотири сатҳи пасти молиявӣ ва ноозод будани соҳибкорӣ ва тиҷорат, Тоҷикистонро дар раддабандии нав ба гуруҳи кишварҳои “иқтисодаш ноозод” ворид кардаанд. Бо ҳамин ҳол Тоҷикистон дар шохиси ин раддабандӣ дар ҷои 155 ум қарор гирифтааст.
Гузоришгарон гуфтаанд дар соли ҷорӣ мизони озодиҳои иқтисодӣ дар Тоҷикистон ба 3,4 бал поин рафта, аз 100 холи имконпазир 52,2 холро соҳиб гаштааст.
Ҳамчунин гузоришгарон дар шарҳи мавқеи Тоҷикистон гуфтаанд, Тоҷикистон дар байни 42 кишвари минтақаи Осиё ва ҳавзаи уқёнуси Ором ҷойгоҳи 37-умро ишғол мекунад ва нишондиҳандаҳои умумии он аз нишондиҳандаҳои миёнаи минтақа ва ҷаҳон хеле пасттаранд.
Гуфта мешавад, тули 16 соли раддабандӣ нишондиҳандаҳои иқтисодии Тоҷикистон манфӣ будаанд.
Таҳиягарони гузориш ҳамчунин гуфтаанд, Тоҷикистон барои даст ёфтан ба озодиҳои иқтисодӣ, бояд қонунгузориро бознигарӣ кунад, ислоҳот дар бозори меҳнат ба вуҷуд оварад ва муҳити мусоиди сармоягузорӣ фароҳам оварад.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

