Friday, April 24, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нет4 устоди донишгоҳ ва Рустами Эмомалӣ аз маҷлиси пойтахт ба ММ рафтанд

4 устоди донишгоҳ ва Рустами Эмомалӣ аз маҷлиси пойтахт ба ММ рафтанд

Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ва писари раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон узви Маҷлиси Миллӣ интихоб шуд.

Номзадии Рустами Эмомалӣ дар аввалин ҷаласаи якҷояи маҷлиси шаҳрӣ ва маҷлисҳои навоҳии шаҳр “якдилона” дастгирӣ ёфт.

Ғайр аз писари расиҷумҳур вакилони пойтахт 4 устоди донишгоҳро ба палатаи болоии парлумон фиристоданд:

Ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон Илҳом Амонзода, ректори Донишгоҳи тиббӣ Маҳмадшо Гулзода, декани факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллӣ Дилшод Раҳмон ва раҳбари шӯъбаи маорифи ноҳияи Исмоили сомонии пойтахт Лола Одилбекова.  

Таҳлигарон пешбинӣ мекунанд, ки Рустами Эмомалӣ раиси Маҷлиси Миллӣ интихоб шуда. Маҳмадсаид Убайдуллоевро аз мансаби дуввумаш ҳам канор хоҳад зад.

Раиси Маҷлиси Миллӣ нафари дуввум дар ҳукумати Тоҷикистон маҳсуб мешавад ва дар сурати марг ё корношоям шудани раисҷумҳур, идораи умури давлат ба дасташ мегузарад. 

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular