Гардишгарӣ аз ҷумлаи арсаҳоест, ки дар пайи пандемии коруно зарбаҳои шадидеро мутаҳаммил шудааст. Испониё ва Туркиё, ки аз кишварҳои маҳбуби гардишгарон маҳсуб мешаванд, қасд доранд ба зудӣ чархҳои ин арсаро ба гардиш андозанд.
Соҳилҳои Испониё ҳамчунон хилват ҳастанд, аммо давлати Испониё бар он аст, ки ин вазъият аз моҳи июл дигаргун шавад ва ин кишвар дубора пазироӣ гардишгарон бошад.
Педро Санчес, нахуствазири Испониё рӯзи шанбе хабареро эълом кард, ки арсаи туризм ҳафтаҳо интизори онро мекашид: Марзҳои Испониё аз моҳи июл бори дигар ба сӯи гардишгарон боз хоҳад шуд.
Санчес бахши гардишгарӣ дар Испониёро фаро хонд, ки худро барои пазириши меҳмонон омода созанд. Ў гуфт: “Туристҳои хориҷӣ аз ҳам акнун метавонад барои сафар ба Испониё барномарезӣ кунанд. Испониё ба туризм ниёз дорад ва туризм низ ба амният ниёзманд аст”.
Нахуствазири Испания бо ишора ба масъалаи амниятӣ афзуд: “Ба хотири ҳамин мо тазмин мекунем, ки меҳмонони мо дар маърази хатаре нахоҳанд буд ва онҳо низ хатаре ба ҳамроҳи худ ба кишвармон нахоҳанд овард”.
Агарчи Санчес аз зикри ҷузиёти бештар дар ин бора худдорӣ карда, аммо давлатҳои маҳаллӣ дар ҷазоири Қанари ва ҷазоири Балеари ин имконро матраҳ карданд, ки тамоми гардишгарон дар кишвари худ бояд озмоиши коруно дода бошанд ва танҳо замоне иҷозаи сафар ба ин ҷазоирро хоҳанд дошт, ки натиҷаи озмоиш манфӣ бошад.
Масъулони бахши гардишгарии Испоаниё аммо аз равшан набудани ҷузъиёти барномаҳои давлат интиқод кардаанд.
Хосе Луиз Мандез, раиси иттиҳодияи оҷонсҳои мусофиратӣ дар Испониё дар гуфтугӯе бо шабакаи телевизионии TVE тасреҳ мекунад: “Ин ки Испониё марзҳои худро боз мекунад, ба ин маънӣ нест, ки туристҳо ҳам роҳии ин кишвар мешаванд. Кулли систем, яъне ҳутелҳо, ширкатҳои ҳавопаймоӣ ва оҷонсҳои мусофиратӣ бояд ба унвони маҷмӯа амал кунанд”.
Дар ҳар ҳол баъид ба назар мерасад, ки ҳутелҳои Испания пур аз меҳмон шаванд. Интизор ҳам намеравад, ки меҳмонони зиёде роҳии ин кишвар шаванд.
Камбуди тақозо низ бидуни шак бар қимати сафарҳо таъсир хоҳад гузошт ва баҳои сафарҳо камтар аз маъмул хоҳад буд. Албатта мусофиратҳо дар даврони коруно низ ба шакли ҳамешагӣ нахоҳанд буд.
Давлати Испониё ҳам акнун эълом карда, ки дар соҳилҳо қавоъид ва муқаррароти сахтгиронае ба иҷро гузошта мешаванд; Аз риояти фосилаи байни меҳмонон гирифта то маҳдуияти замони ҳузур дар соҳил байни се то чаҳор соат дар рӯз.
Ҷазираи Майорко, яке аз мақосиди шумораи яки гардишгарон соҳилҳои худро ҳам акнун боз кардааст, албатта танҳо ба рӯйи сокинони ҷазира.
Ширкати мусофиратии TUI эълом карда, ки аз авохири моҳи июн парвозҳои худ ба Майоркоро аз сар хоҳад гирифт то гардишгарон битавонанд ба ин ҷазира сафар кунанд. Ширкатҳои Lufthansa ва Eurowings ҳатто пеш аз он парвозҳои худ аз муҳимтарин фурудгоҳҳои Олмон ба Майоркоро аз сар мегиранд.
Бахши туризм дар Туркиё низ бесаброна интизори бозгашти гардишгарони хориҷиро мекашад. Давлати Туркия қасд дорад марзҳои ин кишварро аз моҳи июн ба рӯйи туристҳо боз кунад.
Албатта ҳанӯз дақиқан мушаххас нест, ки ҳутелҳо, рестуронҳо ва дигар бахшҳои фаъол дар бахши гардишгарӣ дар Туркиё таҳти чӣ мавозин ва муқаррароте иҷоза доранд, фаъолияти худро аз сар гиранд. Давлати Туркиё эълом карда, ки ба зудӣ ҷузиёти дақиқи дар ин бораро эълом хоҳад кард.
Сообщение ПАЁМ.net.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

