Tuesday, April 28, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетЗаминҷумбӣ ба бузургии 5,8 рихтер дар Тоҷикистон

Заминҷумбӣ ба бузургии 5,8 рихтер дар Тоҷикистон

Маркази миллии зилзиланигории Тоҷикистон хабар дод, ки заминларзае ба бузургии 5,8 рихтер субҳи имрӯз 16 июн кишварро ларзонд.

Ин заминларза аз сӯи зилзилашиносон дар фосилаи 327 километрии шарқи Душанбе сабт шудааст.

Манбаъ замони вуқуи заминларза, соати яку 30 дақиқаи бомдод ба вақти маҳаллӣ эълом кард ва навишт, ки конуни он ҳам дар умқи 100 километрӣ будааст.

Маркази ларзанигории Амрико низ соате баъд қудрати ин заминларзаро 5,7 рихтер ва маҳалли вуқуи онро низ минтақаи Хоруғ эълом кард.

Дар зимн бо вуҷуди ин ки ҳамаи расонаҳои русизабон минтақаи қудрати ин заминларзаро 5,9 рихтер эълом карданд, бисёре аз расонаҳои минтақаӣ аз ҷумла рӯзномаи «Афғон Таймз»-и Афғонистон ва хабаргузориҳои «ANI» ва «PTI»-и Ҳинд низ имрӯз дар гузорише аз Душанбе ба нақл аз ҳамин Маркази миллии ларзанигорӣ қудрати заминларзаро 6,8 эълом карда буданд.

То кунун гузорише аз хисоратҳо ва талафоти эҳтимолӣ эълом нашудааст.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular