Tuesday, April 28, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетБоздошт раиси додгоҳи ноҳияи Айнӣ

Боздошт раиси додгоҳи ноҳияи Айнӣ

Раиси додгоҳи ноҳияи Айнӣ Шараф Турсунзода аз тарафи маъмурони Агентии мубориза бо иттиҳоми даст задан ба фасоди молӣ дастгир шудааст. Дар ин бора  Радиои Озодӣ  бо истинод ба Сулаймон Султонзода, раиси Агентии зиддифасод, хабар медиҳад.

Ду рӯз пеш раисҷумҳури Тоҷикистон  бо фармоне Шараф Турсунзодаро “бинобар содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад» аз мақомаш барканор карда буд. 

Ӯ чаҳор моҳ пеш раиси додгоҳи ноҳияи Айнӣ таъйин шуд. То он замон ба ҳайси додраси ин додгоҳ кор мекард. 

Ҳафтае пеш раиси Додгоҳи шаҳри Ҳисор Зайдулло Собирзода низ бо ҳамин иттиҳом аз мансабаш барканор гардид.

Дар даҳ соли ахир 25 додраси додгоҳҳои Тоҷикистон ба зиндон маҳкум шудаанд.

Феълан дар Тоҷикистон беш аз чаҳорсад додрас кор мекунанд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular