Wednesday, March 4, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нет30 нафари овардашудагон аз сарҳад Қазоқистон гирифтори коруноянд

30 нафари овардашудагон аз сарҳад Қазоқистон гирифтори коруноянд

Дар 30 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар сафи шахсони аз Қазоқистону Ӯзбекистон баргашта ҳузур доштанд, сирояти коронавирус ошкор шудааст.

Ҳамаи онҳо дар беморхонаи вилоятии Суғд бистарӣ шуда, зери назорат қарор доранд. Дар ин бора “Азия-Плюс” бо такя ба  як манбаъи боэътимодаш аз бахши тандурустии вилоят хабар дода навишт, ки “620 нафари баргашта, ки бо сироятёфтагон алоқа доштанд, дар беморхонаи Ғӯлакандози ноҳияи Ҷаббор Расулов ва боз се беморхонаи дигари вилоятӣ зери муоина гирифта шуданд. Қариб 100-200 нафарашон аз тест гузашта, 30 нафар бемор ошкор шуданд. Аз дигарон ҳам ҳоло тест мегиранд. Дар ҳама ҳолат онҳо ба карантин гирифта мешаванд”

Гуфта шудааст, ки “аломатҳои бемории COVID-19 дар онҳо ба мушоҳида намерасад. Худро хуб ҳис мекунанд, чизе ташвишашон намедиҳад, лекин натиҷаи ташхисашон мусбат аст. Ин мардони синни 30-36-сола мебошанд”.

Дар ҳамин ҳол, зикр шуд, ки беморхонаи вилоятии Суғд ҷиҳати гузаштан ба реҷаи пешинаи фаъолият ва қабули муқаррарии беморон омодагӣ мегирифт ва дар шуъбаи эҳёгарии он ҳамагӣ 1 бемори COVID-19 боқӣ монда буд.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 20-уми июн 553 шаҳрванди Тоҷикистон, ки бо сабаби баста будани сарҳадҳо дар гузаргоҳи “Жибек Жоли”-и Қазоқистон қарор доштанд, ба ватан оварда шуданд. Боз зиёда аз 100 нафар ҳамватанонамон тариқи гузаргоҳи марзии “Фотеҳобод” аз Ӯзбекистон ба ватан баргардонида шуданд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular