Tuesday, March 3, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетВАҲДАТ (гуфтугӯ бо “пешвои миллат”)

ВАҲДАТ (гуфтугӯ бо “пешвои миллат”)

Салом, Эмомалӣ!(гуфтугӯ бо “пешвои миллат”)

Бигӯ, Эмомалӣ Раҳмон, “асосгузори сулҳу ваҳдат” ва “поягузори Тоҷикистони соҳибистиқлол”! Сулҳу ваҳдат чист? Шояд оромиву бехатарии ҷомеъаву мардум бошад? Шояд осудагии халқ, пуриву серӣ, шабҳо ба хотири ҷамъ хоб рафтанашон аст? Шояд хотирҷамъии мардум аз ояндаи фарзандонашон бошад? Шояд пешравии иқтисодӣ ва таъмини мардум бо ҷойҳои корӣ ва маоши арзанда аст? Шояд сарбаландии халқи Тоҷикистон дар дохилу хориҷ аз зодаи ин кишвар буданашон бошад? Бале, дар асл ҳамин аст! Вале, афсӯс, ки барои мардуми тоҷик дастнорасаш кардӣ! Танҳо суханони пучу холии ту дар бораи “осудагӣ”, “сериву пурӣ”, “шукронаи соҳибватан будан” садо меҳиҳаду халос. 

Вақте тамошобини тоҷик аз назди телевизионҳои мардумфиребат дур мешавад, боз бо ҳамон норасоии хӯрока, азоби ҷудоӣ аз фарзандони муҳоҷир, хатари бепулӣ дар муқобили табобати пулакӣ дар беморхонаҳоят, хатари ба дасти бригадаҳои рейдкунакат афтидани зану духтарони сатрдорашон ва мушкилоти дигари зиёд рӯ ба рӯ меояд. Чӣ фикр мекунӣ, дар чунин шароит як тоҷик худро амн мешуморад, мавҷудияти сулҳу бехатариашро эҳсос мекунад? Не, ҳеҷ намекунад! Хуб, туву аҳли оилаат чунин бехатариро ҳис мекунед. Зеро имрӯз ягон авлодат муҳоҷири меҳнатӣ нест ва дар дохили самолётҳову фураҳое, ки аз Русия ҷасадҳои ким-кайҳо фавтидаву яхкардаи муҳоҷирони бадбахтро болоиҳам тапидаву ба ватанашон мекашонанд, ягон хеши ту нест! Хешони ту вазифаҳои равғанӣ доранду аз серӣ фақат дар фикри маишатанд. Фарбеҳии худату Зоири домодат, ки шикамаш қариб ба замин мерасад, гувоҳи ҳамин гуфтаҳост. 

Гуфтам, ки имрӯз ваҳдатро ба мардум наовардӣ ва алҳол танҳо аз они туст. Чун ҳама захираҳои дигари Тоҷикистон, ки мувофиқи хоҳиши худату авлодат истифодааш мебарӣ. Вақте ҷашни ваҳдатро аз ҳисоби пули буҷа (хонда шавад “кисаи мардум”) бодабдаба қайд мекунӣ, дар саҳна танҳо худативу ҳама атрофат чапак мезананд ва мегӯянд “агар Эмомалӣ Раҳмон намебуд, ҳоло мо ҳам намебудему Тоҷикистон ҳам!”. Хуб ваҳдат оштӣ аст, баҳамоӣ аст. Кани бигӯ, ту бо кӣ ҷанг доштиву бо ки оштӣ кардӣ? Ку ҳамон тарафи дигар, ки ҳамроҳашон сулҳ бастаӣ? Натиҷаҳои сулҳи бастаатро бо кадом далелҳо тасдиқ мекунӣ? Бо мухолифони сиёсии дар зиндонҳо хору зор? Ё бо ҳазорҳо мухолифи аз зулмат ба хориҷа паноҳёфта? Шояд рӯзи ҷашни ваҳдат, аққалан барои намоиш, аз зиндонҳо берунашон мекуниву пасон боз ба камераҳои маҳкамат бармегардониашон? Ё ба режисёрҳои пагондорат мегӯӣ, ки ягон спектакли нав ташкил кунанд? 

Ончунон саргарми базму қаҳрамони ягонаи ҳама ҷашну маросимҳо шудаӣ, ки гоҳо фаромӯш мекунӣ кадом ҷашн аст. Маъқулат аст, ки пешат қолини сурх пойандоз мепартоянд, зану мард ба пешвозат қатор шуда дастафшонӣ мекунанду баромадкунандаҳо фақат туро таъриф мекунанд. Дигараш бароят муҳим нест. Ҳангоми ин ҷашнҳо касе аз “баромадкунанда”-ҳои аз пулушки сӯзани КДАМ гузаронида пешат намегӯяд, ки “ҷаноб, мо ҷои кор надорему дар кишварҳои бегона сарсонем”, “мо маоши хуб намегирему дар дастархонҳоямон пеши фарзандон хӯроки арзишманде гузошта наметавонем”, “вазифадоронат моро бо ҳар баҳона ғорат мекунанд”, “чаро ба ном давлатат кафолати таҳсил ва табобати бепулро бароямон таъмин намекунад?”, “чаро фарзандони ту серу осуда дар ватан мегарданду аз мо хори мулки бегонаанд?”. Неъ, намегӯянд, ё аниқтараш, кормандони бехатариат гуфтанашон намемонанд. То ин ки табъи туро хира насозанд. Яке ҳақиқатро шунида боз аз ғами халқат дилзанак нашавӣ! 

Бале, мақомоти бехатариву ҳифзи ҳуқуқ дар Тоҷикистогн танҳову танҳо бехатарии туву фарзандонатро таъмин мекунанд. Куҷое роҳ гардед, бо телехранителҳо мегардед. Ба ягон ҷо сафар кунӣ, як моҳ пеш милисаҳову бехатарӣ ҳама ҷойро аз “нафарони хатарнок” тоза мекунанд. Ту ҳеҷ гоҳ ба монанди нафари аввали Швейтсария дар поезд баробари дигар шаҳрвандон ба кор намеравӣ! Мақомоти бехатариат ба халқ коре надорад. Халқ барои ту кист? Рама. Бале, мардум дар назарат ҳамон рамаи гӯсфандоне ҳастанд, ки дар Данғара ҳангоми кӯдакият таёқи чӯпонии падарат дар даст аз қафояшон ҳай карда мегаштӣ. Хуб, акнун фарқият дар он аст, ки ту дигар аз қафои рама нестиву пеш-пеши он меравӣ, худатро “пешво” эълон кардиву чашмонат равған гирифта, касеро намебинанд. Вале боз ҳам маълум нест, ки бо ин фаҳмиши чӯпониат мардуми тоҷикро то ба куҷо мебарӣ. Шояд баъди чанде баргашта ба қафо менигарӣ, ки худат мондаиву Бег Сабури қудоят. Ё сенария тамоман тағъир ёфтанаш ҳам мумкин аст. Аз атрофиёнат як бипурс, ки президенти собиқи Қирғизистон Атамбоев ҳоло куҷост.  

Аз муваффақиятҳо гап заданро хеле дӯст медори. Дар бораи “Тоҷикистони биҳиштосо”, “меваҳои шаҳдбор”, иқлими зебову истироҳатгоҳҳои хушбодуҳаво мегӯӣ. Кушодашавии истироҳатгоҳи домодат Шамс — “Сафеддара”-ро шахсан худат реклама мекунӣ, қариб ҳама лентаҳое, ки мебурӣ, иншоотҳои ҳамин “соҳибкорони ватанӣ”, яъне хешу таборатанд. Истироҳатгоҳҳову дачаҳое, ки туву хешонат он ҷо дам мегиреду атрофашон симхорпеч, яъне барои “мардуми почаканда” дастнорасанд, бароятон шароити афсонавиро муҳайё мекунанд. Албатта, шаҳди истиқлолиятро имрӯз танҳо ту мечашӣ ва дар олами афсонавӣ зиндагӣ дорӣ. Дигар чапотиву ширу дуғро аралаш карда намезаниву кабкбирёну бедонашӯрбо мехӯрӣ. Медонӣ вилкаро дар кадом даст ва кордро дар кадомаш нигоҳ дорӣ. Вале боз ҳам бо дасти чап хӯрок мехӯрӣ. Чун дар сиёсат аз тақлидкоре беш нестӣ. Барои ҳамин аз ҳақиқат дур мондаӣ!

Ҳар гоҳе рӯзи ваҳдат мешавад, тавассути телевизионҳоят ба мардум саҳнаҳои куштору ваҳшонияти даврони ҷанги шаҳрвандиро намоиш медиҳӣ, ба қавле мардумро метарсонӣ то аз истиқлолияту ваҳдати воқеӣ садо баланд накунанд. Ҳамин гуна “сулҳу ваҳдат” бароят бисёр маъқул аст. Вақте туву аҳли оилаат оромона зиндагӣ мекунеду халқат як рӯзи оромӣ надорад. Солҳои ҷанги шаҳрвандӣ, ҳамин давраи “даҳшатнок”, ки ҳамеша ба хотири халқ меорӣ, аз хавфи марг Тоҷикистонро тақрибан 100 000 аҳолӣ аҳолӣ тарк кардаву муҳоҷир шуданд. Ҳамонҳое, ки зиддашон ту меҷангидӣ! Акнун, ки бо “ливои сулҳ” сари қудрат омадиву тӯли 28 сол бо кӯмаки яроқбадастони дохиливу хориҷӣ бетанаффус ин кишварро “роҳбарӣ” дорӣ, шумораи муҳоҷирон ба кишварҳои хориҷ ба 2 000 000 расидааст, яъне, 20 маротиба афзудааст! Мегӯӣ ин натиҷаи сулҳофариат аст? Ё меваҳои “сиёсати хирадмандона”-ат? 

Ба хотират меорам, ки сулҳро 27 июни соли 1997 бо миёнаравии СММ, САҲА ва чанд кишвари дигари манфиатдор бо Иттиҳоди Нерӯҳои Оппозитсионии Тоҷик (ИНОТ) баста будиву хеле хостӣ онро муфт бар нафъи худ истифода кунӣ. Ҳатто шарм надошта, номзадиатро ба Мукофоти Нобелии Сулҳ ҳам пешниҳод намудӣ, ки ҳеҷ қабулат накарданд. Акнун боз болои ҳамон мухолифоне, ки як бор аз ҷабри ту гурезаи Афғонистону Покистону, Эрону, Қазоқистону Русия шуда буданд, фишор дориву ба ҷаҳон террористашон эълон намудӣ. Хушбахтона, ин қароратро ягон кишвари олам эътироф накард! Баръакс, ҳамон кишварҳои аврупоӣ, ки умед доштӣ дастгириат мекунанд, ҳамин гурезаҳоятро қабул кардаву паногоҳ доданд. Зиндонӣ намудани лидерҳои ҳизби мухолифатро ҳам Кумитаи Ҳуқуқи Башари СММ маҳкум сохта, ҳатман озод намуданашонро аз ту талаб кард. Албатта гӯшатро ба карӣ задӣ.

Агар имсол дар ҷашни Ваҳдат баромад кунӣ, чи мегӯӣ? Ба фикрам дурӯғҳоят ҳам тамом шудаанд. Филмсозҳои амниятиат ҳам монда шудагистанд. Ссенарияҳоят билкул кӯҳна шудаву дигар тамоман эътимодбахш нестанд. Мушкилоти орову торо карданро намегуӣ? Акнун причёскаатро ҳам бо тариқи ягон гел ё шампун боло бардошта намешавад. Росташро гӯям, ҳоҷӣ Эмомалӣ, пири бенур шудӣ, фотогеничний нестӣ ва дигар ягон пардозгар симои воқеиятро пушти грими ғафс пинҳон карда наметавонад. Нигоҳат пеши мардум шарманда ва гунаҳкорона аст. Инро ҳатто аз аҳён-аҳён дар телевизионҳои давлатӣ намоён шуданат ба осонӣ пай бурдан мумкин аст.     

Мебинам, ки ҳамин ҳозир ҷашни Ваҳдат бароят чандон муҳим нест. То кай худат танҳо рақс мекуниву дар рӯзи ваҳдат на аз сулҳу оштӣ, балки боз ҳам дар бораи кадом “душманони миллат” бо алфози ҷангҷӯёна ҳарф мезанӣ? Дар ин ҳолат маълум нест иди ваҳдатро ҷашн мегирӣ ва ё мардумро ба ҷанг даъват дорӣ? Дигар иди Ваҳдат моҳияташро гум кардаву ягон тамъи оштӣ надорад! Ҳуш дар сарат нест! Акнун дар сари қудрат мондани худату президентиро ба Рустам мерос гузоштан бароят муҳимтар аст. То он дараҷа, ки ҷонатро ба хатар мондаву дар айёми карантини сартосарӣ, вақте ҳоло ба шаҳрвандонат иҷозати ба ватанашон баргаштанро надодаӣ, худат шитобон ба Россия барои ҷашни Иди Ғалаба меравӣ. Зеро чашмонат Пашиняни сарбаландро намебинанду арзишҳои истиқлолиятро тамоман фаромӯш карда, худатро ҳоло ҳам қисми таркибии як кишвари абарқудрат ва тобеъи он эҳсос мекунӣ. Пас ғурурат куҷост, “асосгузори истиқлолият”? 

Вахдат оштӣ аст, ҳамдигарфаҳмӣ аст. Он чизест, ки ту бо табиати чингизонаат ҳатто тасаввураш ҳам карда наметавонӣ. Хаёлат қамчини хунолудаат ҳамеша болои сари мардуми тоҷик ҳуштак кашида истад ва мардуми аз тарс лаппакшуда ҳамеша дар фармонат бошанд. Барои он ки сари қудрат монӣ, ба сари мухолифини сиёсӣ, муҳофизони ҳуқуқи инсон ва дигар гуногунандешони ин кишвар тавассути суду прокурору милисаву КДАМ-ат чи тӯҳматҳоеро бор накардӣ. Ту ҳамон нафарӣ, ки тариқи зӯроварӣ ва бо кӯмаки яроқи хориҷӣ ба тахт нишастӣ. Аз ин рӯ, сулҳу ваҳдат бароят мафҳуми ошно нест. Беҳтараш дар ин мавзӯъ нагӯӣ! Бираву солгарди сессияи шонздаҳуми тақдирсӯзи Хуҷандро ботантана қайд бигир, ки зери қаноти қумондони ҷиноятпеша Сангак Сафаров ва бо ишораи сари хоҷаҳои хориҷиат соҳибтахт гардидӣ. Зеро дигар бо маҳалгароии ғайритоҷиконаат мардуми минтақаҳои гуногунро аз ҳам ҷудо карда наметавонӣ. Ваҳдати воқеии мардуми тоҷик, ки ту он ҷо танҳо нақши манфӣ дорӣ, наздик аст!    

Бо эҳтиром,

Исломиддин Садиров, нафақахӯр, ветерани меҳнат   

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular